Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи ҳомии ҷанги Русия дар Украина бекор шуд


Полина Гагарина
Полина Гагарина

Баргузории консерти сарояндаи попи рус Полина Гагарина дар Қазоқистон бекор карда шудааст.

Бино ба навиштаи расонаи қазоқии "Arbat.media", тасмими мазкур баъди он гирифта шуд, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоии Қазоқистон ба баргузории ин консерт дар кишварашон эътироз карданд. Онҳо гуфтанд, ҳунарманде, ки аз ҷанг пуштибонӣ мекунад, набояд ба кишварашон даъват шавад.

Консерти Гагарина қарор буд, рӯзи 14-уми феврал дар шаҳри Алматои Қазоқистон дар чаҳорчӯби ҷашнвораи "Diarmed" баргузор шавад.

Баргузории консерт расман бекор нашудааст, аммо эълони он аз сомонаи расмии Гагарина, сомонаҳои созмондиҳандагони барнома ва ширкатҳои бузурги билетфурӯшӣ бардошта шудааст. Намояндагони сароянда низ тасдиқ карданд, ки консерт баргузор намешавад.

Полина Гагарина ошкоро ҳамлаи Русияро ба Украина дастгирӣ мекунад. Ӯ 25-уми феврали имсол навиштаи Николай Басковро, ки дар он ҷанг зидди Украина "амалиёти посдори сулҳ" номида мешуд, писандида буд. Вай дар Лужникӣ дар консерте бахшида ба солгарди ишғоли Қрим ҳунарнамоӣ кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG