Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқи "Мемориал"-ро аз Қирғизистон рондаанд


Виталий Пономарев
Виталий Пономарев

Мудири барномаҳои Маркази ҳуқуқи башари “Мемориал” дар Осиёи Марказӣ Виталий Пономарев аз Қирғизистон ронда шудааст.

Намояндагони “Бир дунёи Қирғизистон”, ҷунбиши ҳуқуқи башар, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Пономарев ҳамчун меҳмон ба ҷашнвораи синамо дар бораи ҳуқуқи инсон даъват шуда буд, аммо ба далели манъи ҳузураш дар Қирғизистон натавонист, дар чорабинӣ иштирок кунад.

Масъулони Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ ихроҷи Пономаревро тасдиқ карданд.

"Хадамот супориши сохторҳои дигари давлатиро иҷро мекунад. Вуруди Пономарев ба Қирғизистон манъ шудааст ва худи ӯ медонад, ки чаро будубошаш дар Қирғизистон манъ мебошад", - гуфтанд масъулони хадамот.

Виталий Пономарев 14 ноябр дар фурудгоҳи шаҳри Бишкек ҳангоми гузаштан аз санҷиш дастгир шуд. Марзбонони қирғиз ба ӯ гуфтаанд, ки вурудаш ба Қирғизистон ҳанӯз дар соли 2017 манъ шуда буд ва соли 2020 гӯиё муҳлати он тамдид карда шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG