Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW аз ИА хост, аз Бадахшон ва ҷанҷоли Тоҷикистону Қирғизистон бигӯяд


Human Rights Watch гуфт, Жозеп Боррел, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, "саркӯби эътирозгаронро дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон матраҳ кунад"
Human Rights Watch гуфт, Жозеп Боррел, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, "саркӯби эътирозгаронро дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон матраҳ кунад"

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз раҳбарияти Иттиҳоди Аврупо хост, саркӯби эътирозгарони сулҳомез ва ҷанҷолҳои сарҳадиро дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, баррасӣ кунанд.

Талаби созмон дар остонаи мулоқоти намояндагони Иттиҳоди Аврупо бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ садо дод. Ҷаласа рӯзҳои 17 ва 18-уми ноябр дар шаҳри Самарқанд мегузарад.

Human Rights Watch рӯзи 15-уми ноябр дар изҳороте гуфт, Жозеп Боррел, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, "саркӯби эътирозгарони сулҳомезро дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон матраҳ кунад."

Имсол дар ин кишварҳо эътирози осоиштаи мардум баргузор шуд, аммо мақомот бо нерӯ посух дода, боис ба ҳалокати даҳҳо нафар гардиданд.

Мақомот ҳамеша гуфтаанд, ки дар ин ҳодисаҳо ифротгароён ва аъзои гуруҳҳои ҷиноиро куштанд, аммо наздиконашон инкор мекунанд. Бо вуҷуди дархости созмонҳои байнулмилалӣ, таҳқиқи ҷудогонаву мустақиле анҷом нашудааст.

Дар изҳороти ҳомиёни ҳуқуқ саркӯби эътирозгарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар моҳи майи имсол низ зикр шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон онро "амалиёти зиддитеррористӣ" номиданд, вале муаллифони изҳорот гуфтаанд, "даъватҳо ба таҳқиқи қонуншиканиҳо дар ин минтақа нодида гирифта шуд." Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, дар ҳодисаи моҳи май дар Хоруғу Рӯшон 29 кас кушта шуд. Радиои Озодӣ номи 34 кушташударо гирд овард.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳамзамон аз раҳбарияти Иттиҳоди Аврупо талаб кардааст, низои мусаллаҳонаро дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар миён бигузоранд.

Дар муноқишаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи сентябр, ки ба навиштаи Human Rights Watch, "аз мушакҳои Град ва ҳавопаймои бесарнишини Байрақтар истифода шуд", "на Қирғизистон ва на Тоҷикистон масъулияти аъмоли худро дар баробари талафоти мардуми одӣ таҳқиқ накарданд".

Тоҷикистону Қирғизистон ҳамвора якдигарро ба оғози даргирӣ ва таҷовузи мусаллаҳона муттаҳам мекунанд. Ду ҳамсоя тақрибан ҳазор километр марз доранд, вале қисме аз он таъину нишонагузорӣ нашудааст. Ҷанҷол асосан бар сари замину роҳ ва обу чарогоҳ аст.

То ин дам намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба талабҳои Дидбони Ҳуқуқи Башар посух нагуфтаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG