Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат Мирзиёев ба духтараш дар ҳукумат мансаб дод


Саида Мирзиёева, духтари президенти Узбекистон.
Саида Мирзиёева, духтари президенти Узбекистон.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон духтараш, Саида Мирзиёеваро роҳбари бахши иртиботот ва сиёсати иттилоотии дастгоҳи иҷроияи президент таъйин кард.

Бахши наве, ки онро духтари президенти роҳбарӣ мекунад, ба омӯзиши афкори ҷамъиятӣ ва сиёсати иттилоотӣ машғул хоҳад буд. Мирзиёева ҳамчунин раванди амалишавии ислоҳотро дар бахши иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маориф назорат мекунад.

Саида Мирзиёева духтари калонии президенти Узбекистон аст, ки аз соли 2019 то 2022 муовини Оҷонси иттилоот ва иртибоботи назди дастгоҳи президент буд.

Мунтақидон таъини ӯро ба вазифаи баланди давлат, чун намунаи непотизм ё хешутаборбозӣ танқид карданд. Аз ҷумла, вебсайти «Евразиянет» мегӯяд, таъйини духтари президент ба мақоми давлатӣ “ба ёди хешутаборбозиҳои давраи раиси ҷумҳури собиқ Ислом Каримов мебарад”.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG