Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла дар хиёбони Истиқлоли Истанбул кори кӣ буд? ВИДЕО


Макони ҳамла дар Истанбул
Макони ҳамла дар Истанбул

Ҳукумати Туркия мегӯяд, бар асари бомбгузории рӯзи якшанбе дар хиёбони Истиқлоли Истанбул камаш шаш кас ба ҳалокат расида, беш аз 80 нафари дигар захм бардоштааст.

Вазири умури дохилии Туркия Сулаймон Сойлу ҷангҷӯёни курдро масъули бомбгузорӣ дар маркази Истанбул номид. Ӯ гуфт, 22 муттаҳам ва фарде, ки шахсан маводи таркандаро дар хиёбони Истиқлол ҷойгир намуда буданд, дастгир шуданд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Туркия гуфт, омилони бомбгузориро дастгир кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Ба қавли Сойлу, Ҳизби коргари Курдистон ва гурӯҳи ниманизомии курдҳои Сурия, маъруф бо номи Воҳиди ҳимояи мардумӣ, ки дар амал ҷиноҳи Ҳизби коргари Курдистон аст, ин ҳамларо амалӣ кард.

Телевизиони давлатии Туркия навори интиқоли зани муттаҳам ба идораи пулис ва дарёфти пулу аслиҳа аз манзили зисти ӯро намоиш дод. То ҳанӯз ягон гурӯҳе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.
Ба қавли мансабдорони турк, фармони ҳамла дар шаҳри Кобании Сурия содир шуда, масъулони ин амал тавассути шаҳри Африни Сурия вориди Туркия шуда буданд.

Ҳамлаи ахир хавфи афзоиши хушунат дар арафаи интихоботи моҳи июни соли 2023-умро бештар кардааст. Миёнаҳои соли 2015-ум, вақте оташбаси ҳукумати Туркия бо Ҳизби коргари Курдистон фурӯ рехт, ин кишварро мавҷи бомбгузориҳову хушунат фаро гирифта буд.

Субҳи 14-уми ноябр мақомоти Туркия гузориш доданд, ки аз миёни захмиёни таркиши ахир 31 нафар дар бемористон табобат гирифта, беш аз 50 каси дигар мураххас шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG