Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AP аз бемории Лавров хабар дод. Сухангӯяш рад кард


Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия

Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 14-уми ноябр хабари Оҷонсии "Associated Press"-ро рад кард, ки навишт, вазир Сергей Лавров баробари расидан ба Индонезӣ бемор ва дар беморхонаи ҷазираи Балӣ бистарӣ шудааст.

"Associated Press" бо такя ба чанд мақоми ҳукумати Индонезӣ ва ҳам масъулини риштаи беҳдошт навишт, ки Лавров, ки бо мақсади ширкат дар ҷаласаи сарони кишварҳои "Гурӯҳи 20" ба Балӣ рафта буд, бо дарди дил ба бемористон интиқол ёфт.

Мария Захарова, сухангӯи ВКХ-и Русия ин хабарро “баландтарин дараҷаи сохтакорӣ”-и хабар номид. Ӯ гуфт, “Сергей Викторович (Лавров) ва ман ин хабарҳоро хонда боварамон намеояд.”

"Associated Press", ки ин хабарро нашр кард, гуфт, дар бораи ба беморхона интиқол ёфтани Лавров се мақоми ҳукуматӣ ва масъулони тиббии Индонезӣ хабар дода нахостанд, ному вазифаашон зикр шавад, чунки салоҳияти суҳбат бо матбуотро надоранд. Аз ин манбаъҳо ду нафарашон гуфтанд, ки Лавров аз дарди дил муолиҷа мешавад.

Мақомоти Индонезӣ рӯзи 14-уми ноябр ба хабаргузории AP гуфтанд, ки вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров баробари расиданаш ба Балӣ ба беморхона интиқол ёфт. Дар хабар гуфта мешуд, Лавров, ки барои ширкат дар ҷаласаи сарони кишварҳои "Гурӯҳи 20" ба Индонезӣ сафар карда буд, бо нишонаҳои дарди дил ба бемористон интиқол дода шуд.

XS
SM
MD
LG