Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гурӯҳе аз хориҷиҳо дар Бишкек ба иттиҳоми авбошӣ


Бишкек. Акс аз бойгонӣ.
Бишкек. Акс аз бойгонӣ.

Пулиси шаҳри Бишкеки Қирғизистон бо гумони авбошӣ гуруҳе аз шаҳрвандони хориҷиро боздошт кард.

Дар мақомоти пулиси Қирғизистон гуфтанд, як шаҳрванди Покистон рӯзи 11 ноябр ба пулис муроҷиат ва аз латту кӯб шудани худу ду ҳамватанаш аз сӯи афроди ношинос шикоят кард.

Пулис бо моддаи "Авбошӣ" парванда боз ва гумонбаронро боздошт кардааст.

Корбарони қирғизистонӣ пештар аз ин наворҳоеро таҳти унвони "занозании гуруҳии хориҷиҳо" дар майдои "Победа"-и шаҳри Бишкек дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд.

XS
SM
MD
LG