Раиси ҷумҳури Украина гуфтааст, нерӯҳои Русия пеш аз баромадан зербиноҳои муҳимро дар шаҳри Херсон вайрону валангор кардаанд.
Владимир Зеленский дар муроҷиаташ рӯзи 12-уми ноябр гуфт, “русҳо дар ҳама ҷо як мақсад доранд: то ҳадди имкон таҳқиру тавҳин кардани мардум. Аммо, бовар кунед, мо ҳама чизро барқарор хоҳем кард.”
“Ишғолгарон пеш аз онки аз Херсон бигурезанд, тамоми инфрасохтори муҳим, аз ҷумла хати обу иртибот, гармӣ ва хатҳои барқро вайрон карданд,” – илова кард ӯ.
Русия ҳафтаи гузашта эълон кард, ки нерӯҳояшро аз Херсон мебарорад. Ҷониби Украина рӯзи 11-уми ноябр тасдиқ кард, ки нерӯҳояш ба Херсон даромаданд.
Херсон дар рӯзҳои аввали ҳамлаи бедалели Русия ба Украина дар охири моҳи феврали имсол ишғол шуда буд. Киев ва ҳампаймонҳояш дубора зери назорат гирифтани ин шаҳри стратегиро пирӯзии фавқулода номиданд.
Дар айни замон, ба гуфтаи раиси ҷумҳури Украина, задухӯрд дар минтақаи шарқии Донестк идома дорад. “Онҷо як дӯзах аст, ҳар рӯз набарди шадид аст. Нерӯҳои мо мардона ба фишори даҳшатбори ишғолгарон тоб меоранд ва хати мудофиавии моро муҳофизат мекунанд,” – гуфт Владимир Зеленский.
Гуфтугӯ