Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон акси шаҳрванди Тоҷикистон ва гумонбарони ҳамларо ба Шоҳчароғ нашр кард. САДО


Хабаргузории нимарасмии "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, тафсилоти ҳамларо ба ибодатгоҳи шиаён дар шаҳри Шероз нашр кард. Ҳодиса рӯзи 26-уми октябри имсол рӯй дод.

Дар гузориши "Тасним" як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон омили асосӣ ва як шаҳрванди Озарбойҷон ҳамоҳангкунандаи ҳамла дониста шудаанд. Бар пояи маълумоти дарҷшуда дар як шиноснома, ки хабаргузории "Тасним" нашр кард, Комрони Субҳон шаҳрванди Тоҷикистон аст ва зодаи соли 1999.

Шиноснома дар рӯзи 8-уми сентябри соли 2017 аз тарафи Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор дода шудааст.

Хабаргузории "Тасним" шаҳрванди Тоҷикистонро як узви гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ном бурдааст.

Дар бораи ҳувияти Комрони Субҳон иттилои бештаре дар даст нест ва маълум нест, ки ӯ чӣ гуна ба Эрон рафтааст. Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтааст. Дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор рӯзи 10-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин робита иттилое надоранд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон барои маълум кардани шахсияти ин шаҳрванди Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Эрон нома фиристодааст. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 9-уми ноябр гуфтанд, мунтазири посух ҳастанд.

Ҳамзамон, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар вебсайти расмиаш хабар дод, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ рӯзи 10-уми ноябр бо ҳузур дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе, дар робита ба ҳамлаи Шероз ба мардуми Эрон ибрози тасаллият намуд. Аз ин қабл, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам бо ирсоли як барқия ба унвони президент Иброҳим Раисӣ ин фоҷеаро барои ҳукумат ва мардуми Эрон тасаллият гуфта буд.

Эрон Комрони Субҳонро аз Тоҷикистон "ҳамлавар" номид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00
Линки мустақим

Чанд рӯз пеш Вазорати иттилооти Эрон омили асосии ҳамларо Комрони Субҳон номида ва гуфта буд, ки ҳамроҳаш марди афғонистонӣ, Муҳаммад Рамиз Рашидӣ, низ буд. Тасдиқи гуфтаҳо аз манобеи мустақил имконпазир нест.

Нафари сеюми гумонбар аз Озарбойҷон буда, гуё ҳамоҳангсози асосии ин ҳамла дар шаҳри Теҳрон ба шумор мерафтааст.

Хабаргузории расмии ИРНА навишт, дар умум 26 гумонбар боздошт шудаанд ва эҳтимол онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ иртибот доштанд ва "ҳамаи онҳо шаҳрвандони Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Афғонистон ҳастанд".

Дар ҷараёни ин ҳамла, ки пас аз зуҳри 26-уми октябр ба вуқӯъ пайваст ва ДОИШ масъулияти онро ба дӯш гирифт, 15 нафар, аз ҷумла, чанд зан ва кӯдак ҷон бохтанд ва 20 нафар захмӣ шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG