Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаи Эрон ҳамлаварро ба ибодатгоҳи шиаён "Абуоиша" ва "аз Тоҷикистон" гуфт


Шаҳчароғ
Шаҳчароғ

ИРНА, хабаргузории расмии Эрон, гуфт, марде, ки моҳи гузашта дар як ибодатгоҳи шиаён 13 касро кушт, "Субҳон Каримӣ бо лақаби Абуоиша ва шаҳрванди Тоҷикистон буд".

Хабарро "Ассошиэйтед Пресс" рӯзи 7-уми ноябр бознашр кард. Тасдиқи он аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст. Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтааст.

Ҳамла ба ибодатгоҳи Шоҳчароғи шаҳри Шероз, ки яке аз панҷ масҷиди калони пайравони мазҳаби шиа дар Эрон аст, рӯзи 26-уми октябр рӯй дод. Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифт.

Ба навиштаи "Ассошиэйтед Пресс", он замон ҳукумати Эрон талош кард, масъулияти таркишро ба дӯши эътирозгарони сулҳомез бор кунад, вале барои ин далеле пеш наовард.

Эрон дар аввал гуфт, 15 нафар кушта шуд, аммо баъд аз санҷиши дубора шумори қурбониёнро 13 нафар номбар кард.

Дар гузориши ИРНА бо такя ба Вазорати иттилооти Эрон гуфта шудааст, ки ҳамроҳи ҳамлагар марди афғонистонӣ, Муҳаммад Рамиз Рашидӣ, низ буд. Нафари сеюми гумонбар аз Озарбойҷон буда, гуё ҳамоҳангсози асосии ин ҳамла дар шаҳри Теҳрон ба шумор мерафтааст.

ИРНА навиштааст, дар умум 26 гумонбар боздошт шудаанд ва эҳтимол онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ иртибот доштанд ва "ҳамаи онҳо шаҳрвандони Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Афғонистон ҳастанд".

Дар хабар бе шарҳи зиёд омадааст, ки баъзе аз гумонбарон айни чунин ҳамларо дар шаҳри Зоҳидони вилояти Сиистону Балучистон ба нақша гирифта буданд. Тасдиқи он аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG