Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Амрико ба поён мерасад. Шонси пирӯзии кӣ бештар аст?


Интихоботи соли 2022 дар Амрико
Интихоботи соли 2022 дар Амрико

Даҳҳо миллион шаҳрванди Амрико дар интихоботи миёндаврии ин кишвар иштирок карданд.

Натиҷаи овоздиҳӣ маълум кардааст, ки баръакси интизориҳо намояндагони Ҳизби демократ қавитар ва ба пирӯзӣ наздиканд. Ҷумҳурихоҳон мехоҳанд, бо соҳибӣ ба Конгрес нақшаҳои раиси ҷумҳур Ҷо Байден, аз ҷумла мададу ҳимояташро аз Украина зери суол баранд.

Дар интихобои миёндаврии Конгресс рӯзи 8-уми ноябр раъйдиҳандагон барои 435 ҷой дар Маҷлиси Намояндагон ва 35 ҷой дар Сенати иборат аз 100 курсӣ овоз доданд.

Бино ба баҳогузории расмӣ, беш аз 46 миллион раъй пешакӣ дода шудааст, аммо баъзе аз таҳлилгарон пешгӯӣ мекунанд, ки шумори ниҳоии варақаҳои овоздиҳӣ метавонад, ба беш аз 115 миллион расида, ба таври рекордӣ аз натиҷаи интихоботи миёндаврии соли 2018 бештар бошад.

Баъзе аз расонаҳо пешгӯӣ мекунанд, ки дар интихоботи миёндаврӣ ҷумҳурихоҳон соҳиби 6 курсӣ хоҳанд шуд ва бори аввал баъд аз соли 2018 метавонанд, назорати Маҷлиси Намояндагонро ба даст бигиранд.

Дар рақобат барои соҳибӣ ба курсӣ дар Сенат ҳам ҷумҳурихоҳон бо демократҳо, ки то ин дам нақши тасмимгиранда доштанд, қариб баробар шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG