Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Парвандаи Кампиробод": Чанде аз фаъолон дар ҳабс монданд


Гулнора Ҷӯрабоева, 9-уми ноябри 2022
Гулнора Ҷӯрабоева, 9-уми ноябри 2022

Додгоҳи шаҳри Бишкек дархости фаъолони датсгиршударо дар бораи бознигарии ҳукм баррасӣ мекунад.

То ин замон дархости Гулнора Ҷӯрабоева, яке аз боздоштшудаҳо барои интиқол ёфтан ба ҳабси хонагӣ аз ҷониби додгоҳ рад шудааст. Вай акнун то 21-уми декбар дар боздошт мемонад.

Пештар ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолон борҳо аз додгоҳ хостанд, ки Ҷӯрабоеваи 63-соларо аз ҳабс раҳо кунад.

Додгоҳ ҳамчунин Атай Бейшенбек ва Алӣ Шабдан - боздоштшудаҳои дигарро дар ҳабс гузошт.

Моҳи октябри имсол дар шаҳри Бишкек чанде аз фаъолон ва сиёсатмадорон боздошт шуданд. Мақомот онҳоро ба "тайёрӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ" гумонбар мекунанд. Дар умум, дар доираи ин парванда 26 кас боздошт шудааст. Додгоҳ онҳоро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

Ин афрод барои, ба қавли онҳо, таъсиси кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод боздошт шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG