Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарёфти шаҳрвандии Қазоқистон мушкилтар мешавад


Қазоқистон
Қазоқистон

Ҳукумати Қазоқистон тағйиротеро ба қонун таҳия кардааст, ки донистани забони қазоқӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории миллиро ҳангоми дарёфт ё барқарор кардани шаҳрвандии ин кишвар ҳатмӣ мегардонад.

Дар ин бора расонаи "Kursiv.Media" бо истинод аз посухи сарвазир Алихон Смаилов ба дархости вакилони порлумони Қазоқистон иттилоъ додааст.

"Тибқи қонуни амалкунанда, шаҳрвандии Қазоқистон ба шахсоне дода мешавад, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар асоси қонунӣ на камтар аз панҷ сол ба таври доимӣ иқомат дошта бошанд ва ё бо шаҳрвандони Қазоқистон 2 сол пеш издивоҷ карда бошанд. Ҳамчунин ба шаҳрвандони ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бо мақсади иқомати доимӣ ба Қазоқистон омадаанд ва яке аз хешовандони наздикашон шаҳрванди Қазоқистон аст", - омадааст дар посух.

Дар қонуни амалкунан Қазоқистон дар бораи шаҳрвандӣ 14 асос барои радди дархости шаҳрвандӣ дарҷ шудааст ва бештари онҳо ба нақзи қонун марбутанд. Надонистани забони қазоқӣ барои радди дархост феълан асос шуда наметавонад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG