Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол муҳоҷирони зиёде Русияро тарк кардаанд


Маълумоти "Росстат" нишон медиҳад, ки дар давоми ҳашт моҳи соли 2022 шумори рекордии муҳоҷирони корӣ Русияро тарк кардаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, аз моҳи январ то августи имсол ба Русия наздик ба 444 ҳазор муҳоҷир рафта, зиёда аз 506 ҳазор кас он кишварро тарк кардааст. Аз ин миён, 62,5 ҳазор нафар муҳоҷирони кориянд.

Тарҳи "Мо метавонем шарҳ диҳем", ки ин мавзуъро таҳлил кардааст, мегӯяд, ҳатто дар давраи пандемияи коронавирус ин қадар муҳоҷирон Русияро тарк накарда буданд.

Шаҳрвандони Украина то оғози ҷанг барои кор ба Русия бештар мерафтанд. Тибқи омори 8 моҳи соли 2021, Украина аз рӯи шумори муҳоҷирони кориаш (34,6 ҳазор нафар) дар байни ҳамаи кишварҳои хориҷӣ дар ҷои дувум буд.

Президенти Русия Владимир Путин моҳи октябри имсол гуфт, ки сиёсати муҳоҷирати он кишвар бояд тағйир дода шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар консепсияи сиёсати муҳоҷират бояд тамоми "мушкилоти эҳтимолӣ" ба инобат гирифта шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG