Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи раҳбари мухолифон дар Қазоқистон шуруъ шуд


Жанболат Мамай. Акс аз 2-юми ноябри 2022
Жанболат Мамай. Акс аз 2-юми ноябри 2022

Рӯзи 7-уми ноябр дар шаҳри Алматои Қазоқистон муҳокимаи парвандаи роҳбари ҳизби сабтношудаи демократии Қазоқистон Жанболат Мамай оғоз шуд.

Ӯ ба "пахши иттилои дурӯғ", "таҳқири намояндаи давлат" ва "вайрон кардани тартиби баргузории гирдиҳамоиҳо" гумонбар аст.

Жанболат Мамайро рӯзи 2-юми ноябр аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Алмато озод карданд, вале дар қарори додгоҳ омадааст, ӯ "то анҷоми тафтиш дар ҳабси хонагӣ хоҳад монд".

Мамайи 34-сола 26-уми феврали имсол боздошт шуда буд.

Ӯ пас аз ёдбуди қурбониёни ҳодисаҳои моҳи январ дар Қазоқистон бо иттиҳоми нақзи қоидаи ташкили тазоҳурот аввал 15 шабонарӯз ҳабс ва сипас ба гумони "паҳн кардани маълумоти бардурӯғ" ва "таҳқири намояндаи мақомот" ба Боздоштгоҳ интиқол дода шуд.

Фаъоли қазоқ гуфта буд, ин парванда "ангезаи сиёсӣ" дорад ва ҳадафи он фишор ба фаъолони Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG