Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ёвари котиби давлатии Амрико ба Узбекистону Қазоқистон


Доналд Лу
Доналд Лу

Ёвари котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Доналд Лу то 11-уми ноябр дар Туркманистон, Узбекистон ва Қазоқистон дидан мекунад.

Ба иттилои департаменти давлатии ИМА, Доналд Лу дар ин сафар содиқ будани Амрикоро ба истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишварҳои минтақа мерасонад.

Доналд Лу ҳамчунин дар ин сафар паём хоҳад дод, ки ҳадафи Вашингтон расонидани Осиёи Марказӣ ба шукуфоӣ, амният ва демократия аст.

Ин намояндаи Вашингтон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мақомдорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот хоҳад кард.

Доналд Лу аз ин пештар, дар моҳи майи имсол, ба Узбекистон сафар карда буд. Он замон ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуда буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG