Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори ҳомилаи қирғиз боздошт шуд. Ӯ гуфт, ба доми Тошиев афтод


Санробия Сотиболдиева, хабарнигори боздоштшуда дар назди Боздоштгоҳи муваққатии Бишкек
Санробия Сотиболдиева, хабарнигори боздоштшуда дар назди Боздоштгоҳи муваққатии Бишкек

Полиси шаҳри Бишкек як хабарнигори ҳомиладор ва наворбардори ӯро рӯзи 4-уми ноябр ба мӯҳлати 48 соат боздошт намуд ва гуфт, ки ин нафарон дар тамаъҷӯӣ гумонбар мешаванд.

Санробия Сотиболдиева, хабарнигори боздоштшуда мегӯяд, ки мунтазири таваллуди фарзанди дуюмаш аст ва иттиҳом сохтакоришуда буда, ӯро "ба дом андохтанд." Ӯро пас аз боздошт зери назорат дар беморхона бистарӣ кардаанд.

Азиза Абдирасулова, раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи “Қилим шами” дар сӯҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми ноябр гуфт, ки Сотиболдиева ва наворбардор Калис Аширбоев шабонгоҳ боздошт шуданд ва баъди ду шабонарӯз додгоҳ маълум хоҳад кард, ки идомаи қазия чӣ мешавад.

Дар як изҳороташ вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 4-уми ноябр гуфт, Сотиболдиева ва Аширбоев, ки корманди вебсайти хабарии MIR24.kg мебошанд, аз қонунгузорон бо таҳдиди фош кардани кадом як сабти савтие аз солҳои 2016-2017 маблағи 2 ҳазор долларро тамаъ мекарданд. Худи Сотиболдиева, ки бо гузоришҳои танқидиаш дар нисбати ҳукумати Қирғизистон маъруф аст, гуфт, ки ба доми сохташудаи раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиева ва бародари ӯ, Шоирбек афтодааст.

Сотиболдиева гуфт, “ҳоло, ки тафтишот ҷараён дорад, чизе гуфта наметавонам. Онҳо машварат карда ин домро ташкил карданд. Вақте ман озод шудам, ҳамаашро фош мекунам,”--гуфт ӯ.

Абдирасулова гуфт, ки Сотиболдиева шабонгоҳ аз идораи полис ба як беморхона шитофт, чун худро бад ҳис мекард. Бо вуҷуди ин ки табибон ҳушдор доданд, ки ӯ бояд таҳти назорат бошаду хатари аз даст додани кӯдакаш вуҷуд дорад, ходимони полис ӯро дубора ба идораи худ бурданд. Абдирасулова гуфт, вақте саломатии ӯ дубора бад шуд, онҳоро маҷбур карданд, ки бори дуюм наздаш рафта, аз ҳолаш хабардор шаванд.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон Атир Абдраҳматова дар суҳбат бо РАО/РО гуфт, ки бо Сотиболдиева дидор кардааст ва таъкид намуд, ки ҳуқуқи ин журналист аз ҷониби полис поймол шудааст.

Абдраҳматова гуфт: “Бо вуҷуди ин ки табибон амр доданд, ки ӯро ба беморхона баранд, Санробияро ба боздоштгоҳ бурданд ва ӯ он ҷо аз ҳуш рафт. Табибон ду дафъа омаданд ва ҳайратзада шуданд, ки ӯ ҳанӯз ҳам дар беморхона бистарӣ нашудааст. Ин муносибати бераҳмонаву ғайриинсонӣ аст. Муфаттишоне, ки ӯро боздошт карданд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”.

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ахиран ҳушдор доданд, ки мақомоти Қирғизистон талошҳои худро барои назорат ва сензураи матбуот афзоиш дода, саркӯби васеи озодии баён ва ҷомеаи маданиро ба роҳ мондаанд.

Рӯзи 26-уми октябр ҳукумати Қирғизистон гуфт, ки агар Радиои Азаттик – бахши Қирғизии РАО/РО як видеоеро, ки онро ТВ “Настоящее время” – як расонаи муштараки РАО/РО ва “Садои Амрико” - набардоранд, ин вебсайт масдуд мешавад.

Дар ин видео гузорише дар бораи муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон нашр шуд. Мақомот иддао карданд, ки ин гузориш “ғолибан” мавқеи Тоҷикистонро намоиш медод, вале РАО/РО инро рад кард.

Ҳукумат баъди ин ҳисоби бонкии Радиои Азаттикро бидуни ҳеҷ шарҳе масдуд кард.

Боздошти Сотиболдиева ва Аширбоев дар рӯзе рух дод, ки як журналисти дигари қирғиз Семетей Талас-уулу бо иттиҳоми ифротгароӣ ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд, вале худи ӯву тарафдоронаш ин иттиҳомро рад карда, онро дорои ангезаҳои сиёсӣ номидаанд.

Моҳи сентябр додгоҳе дар шаҳри Бишкек раҳбари шабакаи телевизиони NEXT Таалайбек Дуйшембиевро барои нашри гузорише дар бораи ҷанги Русия дар Украина ба се соли ҳабси шартӣ маҳкум кард. Дуйшембиев пойфишорӣ мекунад, ки ҳеҷ гуноҳе надорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG