Пайвандҳои дастрасӣ

Ду фаъоли қазоқистониро дар шаҳри Бишкек ба ҳабс гирифтанд


Додгоҳи шаҳри Бишкек.
Додгоҳи шаҳри Бишкек.

Фаъолони шаҳрвандӣ Асхат Жексебоев ва Диана Баймагамбетова дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошт ва барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд. Дар ин бора вакили мудофеи онҳо Зарифа Барузова хабар дод.

"Онҳо марзи Қазоқистон бо Қирғизистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд. Баъди ин бо дархости паноҳандагии сиёсӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муроҷиат карданд. Бо айби убури ғайриқонунии марз нисбати онҳо парванда боз шудааст. Додгоҳ рӯзи 30 октябр қарори ҳабси пешакии онҳоро содир кард", - гуфт вакили мудофеъ.

Ба иттилои вакили мудофеъ, фаъолони қазоқистонӣ тасмим доранд, ба СММ муроҷиат ва дархости паноҳандагӣ кунанд.

Асхат Жексебоеви 50-сола ва Диана Баймагамбетоваи 30-сола бо айби узвият дар созмонҳову ҳаракатҳои мамнуъ дар моҳи октябри соли 2021 зиндонӣ шуда буданд. Онҳо шартан пеш аз муҳлат, дар моҳи майи соли ҷорӣ аз зиндон озод шуданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ Жексебоевро зиндонии сиёсӣ унвон карданд.

XS
SM
MD
LG