Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Узбекистон 50 мошини ҷангӣ додааст


Тақдими мошинҳои амрикоӣ ба нерӯҳои Узбекистон
Тақдими мошинҳои амрикоӣ ба нерӯҳои Узбекистон

Амрико ба Нерӯҳои амалиёти вижаи Вазорати дифои Узбекистон 50 мошини ҷангии “Polaris MRZR” додааст.

Ба огаҳии сафорати Амрико дар Тошканд, дар маросими тақдими мошинҳо генерал-майор Вендул Ҳаглер, муовини фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди марказии Иёлоти Муттаҳида иштирок кард.

Техникаҳо дар чаҳорчӯби барномаи “Тақвияти иқтидори шарикон” ба Узбекистон тақдим шудаанд. Арзиши умумии онҳо 2,8 миллион долларро ташкил медиҳад.

“Интиқоли ин техникаҳо танҳо яке аз намунаҳои кумакест, ки Иёлоти Муттаҳида барои саҳмгузорӣ дар дифоъ аз истиқлоли миллӣ ва тамомияти арзии Узбекистон пешниҳод мекунад. Иёлоти Муттаҳида бесаброна мунтазири рушди минбаъдаи шарикӣ мебошад, ки дар 31 соли охир ба таври қобили мулоҳиза пеш рафтааст", - изҳор доштааст Вендул Ҳаглер дар маросими тақдими мошинҳо.

Нашрияи бритониёии "Shephard Media" моҳи феврали имсол хабар дод, ки Узбекистон дар чаҳорчӯби барномаи фурӯши таҷҳизоти низомии Амрико дар хориҷ 38 ҳавопаймои хурди амрикоии иктишофии "Puma 3 AE" мехарад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG