Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсмен ба ҳимояти муҳоҷироне бархостааст, ки ҳамсари рус доранд


Татяна Москалкова
Татяна Москалкова

Омбудсмени Русия аз мақомоти кишвараш хостааст, муҳоҷиронеро, ки ҳамсари рус доранд, барои ба гуфтааш қонуншиканиҳои сабук аз ин кишвар наронанд.

Ба гузориши "Интерфакс", ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия, Татяна Москалкова, пешниҳод кардааст, барои ин гурӯҳи муҳоҷирон ба ҷойи “депортатсия” ҷазои дигар пешбинӣ кунанд. Ба ин восита, ба гуфтаи ӯ, пеши роҳи ҷудошавии оилаҳо гирифта хоҳад шуд.

Пешниҳоди Омбудсмени Русия дар як нишаст дар мавзӯи занон рӯзи 1-уми ноябр дар Русия садо дод. Хонум Москалкова гуфт, занони зиёде ба ӯ муроҷиат кардаанд, ки шавҳарони муҳоҷир доранд ва мехоҳанд, дар чунин ҳолатҳо ба онҳо ёрӣ расонда шавад.

Тибқи қонунҳои Русия, шахсе, ки ду дафъа ҳуқуқвайрокунӣ кард, ҷарима ва сипас аз Русия ронда хоҳад шуд. Ваколатдори ҳуқуқи инсон хоҳони бозбинии ҳамин қонун шуд.

Шумораи дақиқи он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо занони рус издивоҷ кардаанд, маълум нест. Масъулони идораи ЗАГС-и Маскав соли гузашта хабар доданд, ки 1500 мавриди ақди никоҳи занону духтарони русро бо мардони хориҷӣ сабт кардаанд.

Тайи чанд моҳи охир санҷишу тафтиши муҳоҷирони тоҷик ва бо ҳар баҳона рондани онҳо аз ин кишвар зиёд шудааст. Мақомоти Русия дар моҳи октябр аз тағйири сиёсат дар бахши муҳоҷират хабар доданд, ки ба бовари коршиносон шароити коргарони хориҷиро сахттар хоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG