Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни узбекро аз шаҳрҳҳои ҳаммарз бо Украина бармегардонанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Донишҷӯёни узбекистоние, ки дар донишгоҳи шаҳрҳои ҳаммарзи Русия бо Украина, аз ҷумла Курск, Брянск, Белгород, Воронеж, Ростов ва Краснодар таҳсил мекунанд, ба донишгоҳҳои ватани худ баргардонида мешаванд.

Маркази давлатии тестии Узбекистон хабар дод, ки ин иқдом бар асоси қарори кумисюни давлатӣ сурат мегирад. Қарори кумисюн пешбинӣ мекунад, ки таҳсили донишҷӯён бар асоси аризаи онҳо дар донишгоҳҳои Узбекистон идома хоҳад кард.

Як гурӯҳ аз донишҷӯёни узбек, ки дар Донишгоҳи тиббии Курск таҳсил мекунанд, қаблан ба раисиҷумҳури Узбекистон муроҷиат карда гуфтанд, ки аз шадидтар шудани низоъ миёни Русия ва Украина нигаронанд.

Дертар Вазорати умури хориҷии Узбекистон хабар дод, ки дипломатҳои ин кишвар дар Русия муроҷиати донишҷӯёнро хоҳанд омӯхт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG