Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боку ва Ереван гуфтанд, масъалаи Қарабоғи Кӯҳиро "оромона" ҳал мекунанд


Раҳбарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон
Раҳбарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон

Озарбойҷон ва Арманистон ба созиш расиданд, ки ҳангоми ҳалли мушкили назорат бар минтақаҳои Қарабоғи Кӯҳӣ аз нерӯ истифода накунанд.

Тибқи иттилои AFP, ин нукта дар изҳороти муштараке зикр гашта, ки баъди гуфтугӯи сеҷониба бо иштироки Русия нашр шудааст.

Манбаъ меафзояд, "ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки баҳсро дар асоси эътирофи соҳибихтиёрии дуҷониба ва ҳамгироии ҳудудӣ ҳал кунанд. Ҳамчунин тамоми мушкилиҳоро бар асоси Оинномаи СММ ва Эъломияи Алмато аз соли 1991 баррасӣ менамоянд".

Ташаббуси ҳалли осоиштаи низоъ як моҳ пас аз даргириҳои шадид миёни неруҳои Арманистон ва Озарбойҷон садо медиҳад. Дар изҳороте, ки сомонаи Кремл нашр кард, гуфта мешавад, "ҳамаи ширкаткунандагони гуфтугӯ дар Сочӣ бар аҳамияти роҳандозии равобити сеҷонибаи байнипорлумонӣ барои таҳкими эътимод таъкид карданд".

Ҷомеаи ҷаҳонӣ Қарабоғи Куҳиро ҳамчун қаламрави соҳибихтиёри Озарбойҷон эътироф мекунад, аммо он аз ибтидои солҳои 90-ум таҳти назорати Арманистон қарор дошт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG