Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушдоман 7 сол зиндонӣ шуд, аммо "26 зарби корд дар ҷасад" норӯшан монд


Бибикалон Назирова бо келинаш Манораи Абдуфаттоҳ. Акс аз бойгонии хонавода
Бибикалон Назирова бо келинаш Манораи Абдуфаттоҳ. Акс аз бойгонии хонавода

Дар ноҳияи Файзобод як занро ба гуноҳи ба худкушӣ расондани арӯси хонавода ба ҳафт сол зиндон маҳкум карданд. Ҳукм якуми ноябр содир шуд. Пештар додситон ба Бибикалон Назирова ҳашт соли маҳрумӣ аз озодӣ талаб карда буд.

Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳ, арӯси 25-солаи ин зан, соли гузашта бо 26 зарби корд аз хонаи иҷорааш пайдо шуд. Мақомот гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст ва танҳо баъд аз пофишории зиёди пайвандон хушдоманашро дастгир карданд.

Наздикони Бибикалон Назирова ҳукми Додгоҳи ноҳияи Файзободро шарҳ надоданд.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манораи Абдуфаттоҳ, мегӯяд, ҳарчанд духтарашро дигар баргардонда наметавонад, аз ҳукм розист. "Ба ҳар ҳол, адолат тантана кард. Ин қазия бояд ба хушдоманҳои дигар дарс шавад, то духтари мардумро азият ва аз ҳаёт маҳрум накунанд," – афзуд ӯ.

Дар мурофиаи рӯзи 24-уми октябри имсол Бибикалон Назирова эътироф кардааст, ки дар баъзе маврид бо келинаш "нофаҳмӣ" дошт, аммо фикр намекунад, сабаби худкушии арӯс шудааст.

Вакили мудофеи Бибикалон Назирова хоста буд, нисбати зерҳимояаш қонун "Дар бораи авф" татбиқ шуда, ӯро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кунанд.

Маълум нест, тарафҳо бозбинии ҳукмро талаб мекунанд ё не, вале ончи дар гузашта ва ҳоло ҷомеаро нигарон кардааст, норӯшан мондани "26 зарби корд дар ҷасад" аст. Муфаттишон бовар доранд, ин зарбаҳоро Манораи Абдуфаттоҳ ба танаш зада. Пайвандонаш аз оғоз ин фарзияро қабул надоранд.

Манораи Абдуфаттоҳ соли 2015 бо як сокини ноҳияи Файзобод издивоҷ карда, аз ӯ се фарзанд мондааст, ки калониаш шашсола ва хурдиаш якунимсола аст.

Дар Тоҷикистон куштор ё худкушӣ дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ зиёд рӯй медиҳанд. Дар бештари маврид мақомот шахсеро барои "ба худкушӣ расонидан" ба ҷавобгарӣ мекашанд. Дар баъзе ҳолати дигар, нафаре, ки худашро куштааст, "бемори равонӣ" номида мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG