Пайвандҳои дастрасӣ

Пиряхҳои хатарноки Тоҷикистон зиёд шудаанд? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Абдулҳамид Қаюмов, донишманди тоҷик, ки солҳои дароз вазъи пиряхҳоро дар Тоҷикистону хориҷа таҳқиқ кардааст, мегӯяд, ҳавзҳо дар болои пиряхҳо зиёд шудаанд, ки пайомади хуб надорад. Ӯ чанде пеш феҳрасти нави пиряхҳои кишварро таҳия кард.

Радиои Озодӣ: Пештар гуфта будед, дар минтақаи Рашт пиряхҳое ҳастанд, ки дар пайи селобҳо барои сокинони минтақа зиёни зиёд мерасонанд...

Абдулҳамид Қаюмов: “Ҳамаи пиряхҳои Тоҷикистон хатарзо ҳастанд. Дар замони Шӯравӣ феҳристи аввалияе таҳия шуда буд, ки тибқи дар Осиёи Марказӣ 66 пиряхи хатарзо ҳисоб шуда буд. Чиҳилтои он дар Тоҷикистон буд. Феҳристи соли 2000-ум миқдори пиряхҳои хатарзоро дар Тоҷикистон якуним ҳазор шумурдааст. Мутмаинам, ки миқдори чунин пиряхҳо аз ду ҳазор ҳам бештар аст.”

Радиои Озодӣ: Манзуратон фақат дар Тоҷикистон?

Абдулҳамид Қаюмов: "Бале, фақат дар Тоҷикистон. Ин маълумот инсонро ба фикрронӣ водор мекунад. Дар тӯли сӣ сол пиряхҳои мо омӯхта нашуданд ва дар кадом ҳолат буданашонро намедонем. Пиряхҳои мо танҳо аз сӯи мутахассисони хориҷӣ ва фосилавӣ таҳқиқ шудаанд ва натиҷаи он ба воқеият наздик нест. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мутахассисони хориҷӣ ба маркази мо хеле таваҷҷуҳ доранд ва тавассути ҳукумат дархости ҳамкорӣ мекунанд. Он натиҷае, ки онҳо аз тариқи пажуҳиши моҳвораӣ ба даст меоранд, чандон ба ҳақиқат наздик нест. Масалан, ҳатто ҳамин лаҳзаҳое, ки бо Шумо суҳбат мекунем, имкон дорад, як пирях канда шуда, аз байн рафта бошад ё дар ҳавзаи дарёҳо пиряхи наве пайдо шуда бошад. Бояд тамоми пиряхҳои Тоҷикистонро зери назорати моҳвораӣ бигирем ва барои коҳиши хатари онҳо, ин пиряхҳо бояд мавриди омӯзиши ҳамешагии мо қарор дошта бошанд."

Навори мусоҳиба дар инҷост:

Пиряхҳои хатарноки Тоҷикистон зиёд шудаанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:41 0:00

Радиои Озодӣ: Ҳавзҳо дар болои пиряхҳо. Дар кадом гӯшаи Тоҷикистон ин хатар вуҷуд дорад? Дар Рашт ё ҷойҳои дигар?

Абдулҳамид Қаюмов: “Дар минтақаи Рашт пиряхҳое, ки ҳавзҳои яхин доранд, нисбат ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон камтар аст. Дар минтақаи Зарафшон пиряхҳои дорои ҳавзҳои яхин қариб ду баробар бештар аст. Ҳоло иҷрои тарҳи наверо шуруъ кардем, ки ба омӯзиши ҳолат ва миқдори чунин ҳавзҳо ва кандашавии онҳо равона шудааст. Қарор аст, дар ин раванд феҳристи чунин пиряхҳо низ таҳия карда шавад. Ҳоло гуфтан душвор аст, ки дар кадом минтақа хатари бештаре аз чунин пиряхҳо вуҷуд дорад. Ба тахминҳои мо дар водии Зарафшон нисбати дигар минтақаҳо миқдори пиряхҳои дорои кӯлҳои яхин хеле зиёд аст."

Радиои Озодӣ: Яъне, хатари канда шудани онҳо ҳаст?

Абдулҳамид Қаюмов: "Ҳоло мо роҳҳо ва самти эҳтимолии канда шудани яхпораҳоро мавриди омӯзиш қарор додаем. Вале дақиқ аст, ки барои аҳолии минтақаҳои атрофи ин пиряхҳо чунин кор хеле хатарзо мебошад. Имсол бо чашми худ дидем, ки лағжиши яхпора дар пиряхи “Кашолаях” дар ноҳияи Ванҷ чӣ тавр сурат гирифт, ҳарчанд ин амр хисороте ба касе нарасонд. Лағжиши пиряхҳо ба таври ҳамешагӣ сурат мегиранд ва танҳо дар сурати ворид кардани халал ё хисорот ба сокинон мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд. Фикр мекунам, дар ин ҷо суҳбатро анҷом диҳем хубтар аст."

Радиои Озодӣ: Ташаккур, вале тағйирёбии иқлим чӣ таъсире ба пиряхҳо дорад?

Абдулҳамид Қаюмов: "Ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул дорад, ки дар пайи тағйирёбии иқлим ва гармшавии ҷаҳонӣ масоҳати пиряхҳо дар дунё коҳиш ёфта истодааст. Ин кор воқеан ҷой дорад ва касе наметавонад, ин аммро инкор кунад. Обшавии пиряхҳо аз сӯи донишмандони машҳури сатҳи ҷаҳонӣ аз Швейтсария ва Норвегия собит карда шудааст. Ин кишварҳо садсолаҳо вазъи пиряхҳои худро таҳти назорат доранд ва собит кардаанд, ки дар пайи баландшавии ҳарорати ҳаво пиряхҳо об шуда истодаанд. Ин дақиқ аст. Лекин боз як бори дигар гуфтаниам, ки агар пиряхҳо дар пайи гармшавии ҳаво об мешуда бошанд, пас, чаро дар Антарктида, ки ҳаво ҳамеша сард аст, яхҳо дар он ҷо низ об мешаванд? Ин як муаммо аст. Ё дар баландии чор ё панҷ метр, ки ҳарорати ҳаво ҳамеша сард аст, пиряхҳо об мешаванд. Ин мавзуъҳо мавриди омӯзиш қарор доранд, аммо бояд таъкид кунам, ки пиряхҳои майда ба тағйирёбии иқлим хеле ҳассос ҳастанд. Манзурам, пиряхҳои масоҳаташон аз як километри муррабаъ камтар ва ба онҳо хатари нобудӣ таҳдид мекунад."

Радиои Озодӣ: Яъне, дар Тоҷикистон ҳам вазъият ҳамин хел аст?

Абдулҳамид Қаюмов: "Бале. Мо ҳатто пажуҳишеро дар мавзӯи тағйирёбии иқлим ва обшавии яхҳо дар Антарктида ва Помир анҷом додем ва дар ҳарду минтақа раванд якхела аст. Фарқ танҳо дар он аст, ки дар Антарктида ҳаҷми обшавӣ зиёд аст ва дар Помир камтар. Зимни пажуҳиш аз маълумоти ҷониби Швейтсария истифода кардем. Гармшавии фазо ва обшавии яхҳо раванди ягона аст."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG