Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кафшҳо ғалбер ва асоҳо сӯзан. Сафари 3300 километрӣ барои таҳқиқи пиряхҳои Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ

Гуруҳе аз донишмандони тоҷик бештар аз 3300 километрро савораву пиёда тай кардаанд, то маълум намоянд, ки пиряхҳо, яке аз сарватҳои бебаҳои Тоҷикистон чӣ аҳвол доранд.

Абдулҳамид Қаюмов, раиси Маркази омӯзиши пиряхҳо дар Тоҷикистон рӯзи 26-уми ноябр ба Радиои Озодӣ, сафарҳои таҳқиқотӣ ба кӯҳҳои пасту баланди Тоҷикистон аз моҳи июн то моҳи сентябр идома кард.

Муҳаққиқони тоҷик дар ин муддат аз кӯҳҳои Варзоб дар наздикии Душанбе то куҳҳои баланди Помир 3000 километрро бо мошин ва 300 километри дигарро пиёда тай кардаанд. Баъди сафарҳои мушкилу хастакунанда, ба гуфтаи Абдулҳамид Қаюмов, ҳоло онҳо машғули таҳлили маълумоти ҷамъовардаашон ҳастанд.

Хатари ҷиддӣ ба водии Ванҷ

Аммо натиҷаҳои муқаддамотӣ тағйиреро дар пиряхи “Русское географическое обшество” дар Помир ошкор кардаанд, ки мояи нигаронии амиқ аст ва метавонад ба зиндагии ҳазорон нафар таъсири манфӣ гузорад.

Дар ин пиряхи бузург дар минтақаи Помири Марказӣ, ки 64 километри мураббаъ масоҳат ва 24 километр дарозӣ дорад, осори тағйири иқлим дида шудааст.

Абдулҳамид Қаюмов
Абдулҳамид Қаюмов

“Гуруҳи кории мо муайян кард, дар болои ҳамин пирях як ҳавзи калоне пайдо шудааст, ки дарозиаш зиёда аз 200 метрро ташкил медиҳад. Ҳавзҳои болои ях ва зери ях бисёр хатарноканд, ки зеро бо вазни худ суръати кандашавӣ ва ҳаракати пиряхҳоро метезонанд. Ҳавзи мазкур метавонад, як қисмати калони пиряхро канда, пеши маҷрои дарёи куллан "Абдуқаҳор"- ро бандад ва маҳкам кунад.”

Мояи нигаронӣ ин аст, ки дар сурати канда шудани пирях ва баста шудани маҷрои "Абдуқаҳҳор", мумкин аст, оби рӯдхона ҷамъ шавад ва сипас хонаву киштзорҳои манотиқи васеъ дар водии Ванҷ ва поёнтар аз онро зери об кунад.

Даҳҳо маҳалли аҳолинишин ва шоҳроҳи нақлиётии муҳиме, ки то ба Бадахшон мебарад, аз тӯъмаҳои осони ин сел метавонад бошад. Барои ҳамин ба гуфтаи Абдулҳамид Қаюмов, донишмандон ин гуна ҳавзҳо ва бахусус пиряхҳои дар ҳоли ҳаракат ба мисли пиряхи “Русское географическое обшество” ва Хирсонро бояд зери назорати доимӣ бигиранд.

Фақат метавонем, хисоротро кам кунем

Рафъи ҳавзи болои пирях бо усулҳои сунъӣ имконнопазир аст ва аз ин рӯ ба гуфтаи Абдулҳамид Қаюмов, “Мониторинг ва пешгӯӣ кардани кандашавӣ, яке аз роҳҳои эътирофшудаи байналмилалӣ барои кам кардани хисорот аст”.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар гузашта айни ҳодиса дар пиряхи бузург ва пиряхи Хирсон ба вуқуъ пайвастааст, ки сабаби сел ва бедодгарии рӯдхонаи Абдуқаҳҳор шудааст.

“Масалан соли 1968 ва соли 1972 ях маҷрои дарёро баст ва ҳаҷми об 80 миллион метри мукаабро ташкил дод ва баландии он то 110 метр расида буд” – гуфт, Абдулҳамид Қаюмов. Соли 2005 рахна шудани ҳавзи пирях сабаби ярч дар ноҳияи Роштқалъа шуд, ки дар натиҷа 25 нафар ҳалок шуданд ва хонаҳои зиёди мардум осеб дид.

Системаи нав барои огаҳӣ аз хатар

Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, барои огаҳ кардани мардум ва мақомот аз хатарҳои эҳтимолии пиряхо, онҳо қасд доранд, бо ҳамкоронашон муҳаққиқони рус, назорати доимии манбаъҳои об дар кӯҳҳои баланди Помирро ба роҳ монанд.

«Мехоҳем ҳамаи онҳоро ба воситаи системаи таҳқиқи фосилавӣ ва системаҳои моҳвораӣ зери назорат дошта бошем. Мо дар бисёре аз ин пиряхҳо абзорҳои озмоиши кайҳонӣ гузоштем, ки ҳаракати пиряхҳоро бо суръати бисёр кунд, 0.1 сония нишон медиҳад, ки онҳо ҳаракат мекунанд, ё намекунанд. Ин аввалин бор дар Тоҷикистон ҷорӣ шудааст» -гуфт, Абдулҳамид Ҳалимов.

Сел дар Дарвоз имсол роҳи аслӣ ба самти Бадахшонро баст.
Сел дар Дарвоз имсол роҳи аслӣ ба самти Бадахшонро баст.

Шаст дар сади оби рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ хонаи бештар аз 60 миллион нафар аз пиряхҳое ҳосил мешаванд, ки дар Тоҷикистон ҷойгиранд. Дар кишвар ҳудуди 8 ҳазор пирях вуҷуд доранд, ки 5 дар сади қаламрави кишварро ташкил медиҳанд.

Ба сабаби тағйири иқлим ва болоравии ҳарорат дар курраи Замин дар 30 соли ахир беш аз 1000 пирях дар Тоҷикистон бухор шудаанд ва садҳо пиряхи дигар дар ҳоли ақибнишинӣ ҳастанд ва масоҳаташон камтар мешавад.

Тоҷикистону ҳамсояҳои он дар манотиқи поёнби Осиёи Марказӣ сахт пойбанди пиряху барф ҳастанд, чун манбаи ягонаи ҳаётии обёриашон аст. Ҳаргуна тағйир дар пиряхо ё сабаби норасоии об ва ё сел дар Тоҷикистон мешавад ва ба иқтисоди кишвар садҳо миллион доллар хисорот ворид мекунад.

Маркази омӯзиши пиряхҳоро ҳам соли 2018 таъсис доданд, то ба гуфтаи мақомот, мониторинги доимии пиряхҳо ва сарчашмаҳои дигари об дар Тоҷикистон ба роҳ андозад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG