Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон ба маҳви пиряхҳои “Довудов” ва “Лисий” иҷозат медиҳад


Қумтор - баландтарин захирагоҳи ангиш дар Қирғизистон

Кумитаи порлумони Қирғизистон 31 октябр лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби ин кишварро қабул кард, ки ба истихроҷи тило дар макони пиряхҳои “Довудов” ва “Лисий” иҷозат медиҳад. Тасмими ниҳоӣ дар ин бора дар ҷаласаи умумии порлумон гирифта хоҳад шуд.

Ба назари коршиносон, ин тағйирот Қирғизистонро аз ягона фишанги нуфуз ба ширкати кандагии Centerra Gold Inc. дар кони “Кумтор” маҳрум хоҳад кард. Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, ташаббуси онҳо ҳадафҳои иқтисодӣ дорад ва пиряхҳо бе ин ҳам тақрибан об шудаанд. Баҳси додани иҷозати истихроҷи тило ба ширкати Centerra Gold дар маҳалли пиряхҳои Қирғизистон аз соли 2014 ба ин сӯ идома дорад.

Лоиҳаи тағйиру иловаҳо соли 2015 дар қироати дувум тасвиб шуд, вале порлумон онро бо фишори ҷомеаи маданӣ ва вакилони алоҳида бозхонд. Кодекси амалкунандаи оби Қирғизистон ҳама гуна амалҳоеро, ки обшавии пиряхҳоро суръат мебахшанд, манъ мекунад.

Маҷмуи масоҳати пиряхҳои Қирғизистон то соли 2025 ба ҳисоби миёна 30-40 дарсад кам шуда, то соли 2100 пурра аз байн хоҳанд рафт. Дар ин бора президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев охирҳои моҳи сентябр дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ суҳбат кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG