Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон таҳқиқи "Пётри 1"-ро шурӯъ кард (ВИДЕО)


Кӯҳҳои Помир бо пиряхҳои бузургаш манбаи асосии оби Осиёи Марказист.
Кӯҳҳои Помир бо пиряхҳои бузургаш манбаи асосии оби Осиёи Марказист.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва коршиносони Саридораи геология ба омӯзиши вазъи пиряхҳои воқеъ дар қаторкӯҳи “Пётри 1” дар шарқи Тоҷикистон оғоз кардаанд.

Таҳқиқ бо чархболро баъд аз он шурӯъ карданд, ки лағжиши пиряхе аз қаторкӯҳи “Пётри 1” дар рӯзи 28-уми август, чандин хонаро дар водии Рашт вайрон кард. Дар он рӯз оби рӯдхонаи Шӯрак аз маҷрояш берун шуд ва даҳ манзили зист дар деҳаи Капалии ноҳияи Тоҷикободро хароб кард.

Қаторкӯҳи “Пётри 1” миёни минтақаи Рашт бо ноҳияи Ванҷу Дарвоз ҷойгир аст. Дар ин қаторкӯҳ даҳҳо пиряхи хурду бузург ҷойгиранд. Бо гарм шудани ҳаво обшавии пиряхҳои ин қаторкӯҳ ҳам суръат гирифтааст.

Умедахон Юсупова, сардори маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 22-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои таҳқиқ аз чархболи Фонди Оғохон истифода мекунанд.

“Вақте 28-уми август ин ҳолат рух дод, комиссия ташкил ёфт ва барои омӯзиш ва пешгирӣ аз ҳодисаҳо ба он ҷо сафарбар шуданд. Таҳқиқ барои он аст, ки бифаҳмем, пиряхҳо то куҷо об шудаанд ва чӣ хатар ба минтақаҳои аҳолинишин доранд. ”

Лағжиши пирях ва у сел деҳаи Капалро ба ин ҳол овард.
Лағжиши пирях ва у сел деҳаи Капалро ба ин ҳол овард.

Сокинони минтақаи Рашт метарсанд, ки фалокат дар водӣ такрор меёбад ва мардум аз хонаву боғу чарогоҳҳояшон маҳрум мешаванд.

МАРДУМИ ДАР ИЗТИРОБ

Ҳикматулло Умаров, як сокини ноҳияи Тоҷикобод мегӯяд, пас аз фалокат дар деҳаи Капалӣ овоза паҳн шуд, ки як шикастапораи бузурги пирях дар ҳоли ҳаракат ба самти рӯдхонаи Шӯрак аст. “Гуфтанд, ки агар яхпора ба дарё афтад, нисфи хонаҳои сокинони наздисоҳилиро мешӯяд. Сахт дар ташвиш ҳастем. Ҳоло ҳам маълум нест, ки сарнавишти он яхпора чӣ шудааст. Ин ҷо масъулони ҳукуматӣ ҳам штаб ташкил кардаанд ва ба мардум гуфтанд, ки дар сурати ягон ҳодиса шуданд, сари вақт онҳоро хабардор менамоянд, - гуфт, Ҳикматулло Умаров.

Нодираи Муҳаммадюсуф, муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод, 22-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, санҷишҳои ибтидоӣ нишон медиҳад, ки хатари ҷиддие аз пиряхи “Пётри 1” вуҷуд надорад.

“Ҳоло ситод амал мекунад ва санҷишҳо нишон дод, ки хатари ҷиддие нест. Баъзе маълумотҳои бардурӯғ буд, ки он ҷо пирях ба як ҳавзи бузург бармехӯрад. Лекин маълум шуд, ки ин дурӯғ будааст. Ҳукумат ҳамроҳ бо мардум барои бартараф кардани оқибати харобии сели охири моҳи август як ҷо кор мекунад ва ситод ҳамеша аз ҳоли болоб бохабар аст. Ҳоло мо мардумро ором кардаем, ки хатари ҷиддие нест” – гуфт ӯ.

БУХОР ШУДАНИ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН

Сел дар фасли тобистону тирамоҳ дар Тоҷикистон ҳодисаи камназир аст. Аммо ҳавои гарм имсол суръати обшавии пиряхҳоро тезтар кард ва дар Рӯдакиву Панҷакент, Айнӣ ва Ашту Қубодиён сел омад ва на танҳо хисороти молӣ, балки талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт. Тоҷикистони кӯҳистонӣ бо пиряхҳои хурду бузургаш манбаи аслии об дар Осиёи Марказӣ аст, вале дар 30 соли ахир ба сабаби гармоиши курраи Замин бештар аз 1000 пирях комилан аз байн рафтаанд ва садҳо пиряхи дигар ақибнишинӣ мекунанд.

Сел дар ноҳияи Тоҷикобод
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:25 0:00

XS
SM
MD
LG