Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз хариди Twitter истиқбол кард


Илон Маск бо модараш Мэй Маск
Илон Маск бо модараш Мэй Маск

Соҳибкори миллиардер Илон Маск ширкати Twitter-ро харид ва ҳама раҳбаронашро аз кор пеш кард. Ҳамакнун шабакаи иҷтимоии пештози ҷаҳонӣ ба дасти сарватмандтарин сокини сайёра гузаштааст.

Дар паи ба даст овардани Twitter, Маск бо ишора ба номи ширкат (Twitter аз англисӣ чун “чаҳчаҳи парранда” тарҷума мешавад) гуфт, “мурғ аз қафас озод шуд”. Яке аз раҳбарони пешини ҳамакнун ихроҷшуда аз Twitter – Параг Агравал қаблан ба додгоҳ муроҷиат карда хоста буд, ки Илон Маск ба шартҳои созишномаи Twitter пойбанд монад.

Маск ин баҳсро бохт ва додрас гуфт, ки охирин шартҳои созишнома 28-уми октябр натиҷагирӣ хоҳанд шуд. Арзиши хариди ширкат 44 миллиард доллар баровард шуд. Маск ширкати Twitter-ро чанд соат пеш аз иҷро даромадани қарори додгоҳ ба даст гирифт. Хариди ширкатро худи Маск бо он сабаб зарур донист, ки “тамаддуни оянда бояд майдони васеи рақамӣ барои ибрози назарҳои гуногунро ба шакли маданӣ дошта бошад”.

Собиқ президенти Амрико Доналд Трамп, ки Twitter баъди ҳуҷуми тарафдоронаш ба бинои Капитолий дар таърихи 6 январи соли 2021 саҳифаашро баст, ба дасти Илон Маск гузаштани ширкатро ситоиш кард ва гуфт:

“Бисёр шодам, ки Twitter ба дасти дуруст гузашт ва дигар онро девонаҳои ифротии чапгаро ваё манякҳое, ки ба кишвари мо нафрат доранд, идора намекунанд”.

XS
SM
MD
LG