Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қатора"-и моҳвораҳои Илон Маскро дар Тошканд ба навор гирифтанд


Сокинони шаҳри Тошканди Узбекистон 60 моҳвораи Starlink-ро ба навор гирифтанд, ки ширкати SpaceX, мутааллиқ ба Илон Маск чанд рӯз пеш ба кайҳон партоб карда буд. Ин моҳвораҳо бояд заминро бо интернет таъмин кунанд.

Шаби 25 ба 26 май дар фазои Тошканд 60 моҳвора дида шуд. Наворҳое, ки шоҳидон сабт карданд, дар интернет нашр шуданд. Моҳвораҳои SpaceX-ро дар дигар шаҳрҳо низ дидан мумкин аст.

Мушаки Falcon 9 бо дастгоҳҳои кайҳонӣ аз космодроми Канаверал 24 май ба кайҳон парвоз кард. 60 моҳвораи Starlink ба баландии 440 км дар фазо бароварда шуданд. Қарор аст, ин моҳвораҳо курраи заминро бо интернет таъмин кунанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG