Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IAEA нозиронашро ба Украина мефиристад


Мудири Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомӣ, Рафаэл Гросси. Украина, 12-уми октябри 2022
Мудири Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомӣ, Рафаэл Гросси. Украина, 12-уми октябри 2022

Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомӣ (IAEA) барои фиристодани нозиронаш ба Украина омодагӣ мегирад, ки ба иддаои Русия қасд дорад, аз “бомби касиф” истифода барад.

Украина ин иддаоро рад карда ва аз Оҷонсӣ хостааст, нозиронашро барои таҳқиқи ду таъсисоти атомӣ ба он кишвар фиристад.

Маскав мегӯяд, Украина қасд дорад, ба зидди нерӯҳои Русия аз бомбе истифода барад, ки бо моддаҳои кушандаи радиоактивӣ олуда шудааст, вале Киеву шариконаш мегӯянд, ин иддаои беасос аст.

Ҳукумати Украина аз Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомӣ дархост кардааст, ки барои собит кардани иддаоҳои бардурӯғ нозиронашро ба ду таъсисоти атомии Украина фиристад.

Оҷонсӣ ҳам рӯзи 24-уми октябр гуфт, нозиронаш барои сафар ба Украина омода мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG