Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ иддао доранд, ки дар даргириҳои охир дар баъзе аз вилоятҳои шимоли Афғонистон ба якдигар зарба задаанд.
Даргирӣ дар Бадахшон ва Бағлон сурат гирифта, аммо омори дақиқ аз талафот дар даст нест.
Нерӯҳои Толибон рӯзи 21-уми октябр бо нашри наворе дар бораи куштани чанд узви Ҷабҳаи муқовимат иддао карданд.
Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, шаби ҷумъа дар Твиттер кушта шудани шуморе аз нерӯҳояшонро дар Бадахшон тасдиқ кард.
Вай дар айни замон навишт, Толибон дар даргириҳо дар Андароб талафоти сангине доданд. Аҳмадӣ иддао кардааст, ки афроди Толибон шуморе аз ҷасади кушташудаҳоро ба манотиқи дигар бурданд.
Толибон дар ин бора вокунише нишон надодаанд.
Бахши афғонии Радиои Озодӣ хост, ҷузъиёти бештари ин даргириҳо ва талафоти онҳоро аз ҳукумати Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон дақиқ бикунад. То замони нашри хабар ҷонибҳо посух надоданд.
Гуфтугӯ