Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба тоҷикон пеш аз сафар ба Русия дар Душанбе патент медиҳанд?


Як ҳайат аз Вазорати корҳои дохилии Русия бо мақомоти тоҷик мулоқот карданд
Як ҳайат аз Вазорати корҳои дохилии Русия бо мақомоти тоҷик мулоқот карданд

Мақомоти Русия тасмим доранд, ки ба муҳоҷирони тоҷик пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон патент ё иҷозатномаи кор диҳанд.

Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон хабар додааст, ки дар Душанбе Хадамоте таъсис хоҳад ёфт, ки муҳоҷиронро барои сафар ба Русия омода мекунад. Як ҳайат аз Вазорати корҳои дохилии Русия бо намояндагони Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 19-уми октябр дар ин бора созишнома имзо кардаанд.

Ба иттилои мақомоти тоҷик, таъсиси намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид” ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки пеш аз сафар ба Русия дар Душанбе изи ангушт супоранд, шаҳодатномаро дар бораи донистани забони русӣ бигиранд ва соҳиби патент ё иҷозатномаи кор бишаванд.

Мақомоти тоҷик гуфтаанд, ин иқдом дар доираи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҷалби дастҷамъонаи муҳоҷирони кории тоҷик барои кор дар шаҳрҳои Русия ба роҳ монда мешавад.

Имкони таъсисёбии хадамоти махсус барои мадад ба муҳоҷирон дар Душанбе дар ҳолест, ки муҳоҷирони тоҷик пайваста аз мушкилу монеаҳо дар кору зиндагиашон дар Русия, махсусан душвориҳо дар дарёфти санадҳои зарурии будубош шикоят мекунанд.

Онҳо ҳамеша аз он нигаронӣ мекунанд, ки мақомоти рус барояшон мушкил эҷод мекунанд ва бо баҳонаҳои ночиз онҳоро аз ин кишвар хориҷ мекунанд. Мақомоти рус шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ду миллион, вале ҷониби Тоҷикистон 600 ҳазор нафар медонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG