Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Gallup: Аксар украиниҳо тарафдори то пирӯзӣ ҷангидан ҳастанд


Аз ҳар даҳ шаҳрванди Украина ҳафт нафарашон гуфтаанд, ки кишварашон бояд ҷанг бо Русияро то охир бурда, Қримро дубора баргардонад.

Пурсише, ки бунгоҳи назарсанҷии Gallup аввали моҳи сентябри имсол барпо ва натиҷаашро 18-уми октябр нашр кард, мегӯяд, 70 дарсади украиниҳо хоҳони то ғалаба бурдани ҷанг ҳастанд.

91 дарсади онҳое, ки аз идомаи ҷанг тарафдорӣ кардаанд, гуфтаанд, барои онҳо ғалаба маънои бозпас гирифтани Қрим ва қаламравҳои дигари ишғолшуда аз ҷониби Маскав мебошад. Нимҷазираи Қрим соли 2014 ишғол шуд.

Танҳо 26 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, Украина бояд барои ҳарчи зудтар хотима ёфтани ҷанг сари мизи гуфтушунид нишинад. Пурсиш дар тамоми қаламравҳои Украина аз 2 то 11-уми сентябр - чанд рӯз баъди оғози муқовимати нерӯҳои украинӣ алайҳи артиши Русия - барпо шуд. Дар натиҷаи муқовамат бисёре минтақаҳо дубора зери назорати украиниҳо гузашт.

Пас аз ин Русия ба ҳамлаҳои ҳавоӣ гузашт ва шаҳру муассисаҳои муҳиме ба мисли истгоҳҳои барқиву обро ҳадаф қарор дод.

Gallup гуфт, пуштибонӣ аз идомаи ҷанг дар минтақаҳои дуртар аз даргирӣ бештар ва маҳалҳои наздик ба амалиёт камтар мебошад. Дар Киеву ғарби Украина мутаносибан 83 ва 82 дарсад аз идомаи ҷанг дастгирӣ мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG