Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бо бесарнишинҳои "камикадзе" ба Киев ҳамла кардааст


Шаҳрдори Киев Виталий Кличко хабар дод, ки пойтахти Украина рӯзи 17-уми октябр дигарбора мавриди ҳамлаи бесарнишин ё дронҳои "камикадзе" қарор гирифта, дар натиҷа чандин бино тахриб шудааст.

Ба гуфтаи Кличко, дар ноҳияи Шевченко, дар маркази шаҳр чандин таркиш рӯй дода, чанд бинои баландошёнаи зист осеб дидааст.

Кличко акси оҳанпораҳоеро нашр кардааст, ки гуфта мешавад, аз бесарнишинҳо мондаанд. Дар онҳо "Геран-2" навишта шудааст. Бесарнишонҳои "Шаҳид-136"-и Эронро дар артиши Русия чунин меноманд.

Бино ба хабарҳо, ҳамчунин дар вилояти Киев низоми зиддимушакии ҳавоӣ фаъол аст ва аз сокинони вилоят даъват карда мешавад, ки дар паноҳгоҳҳо бимонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG