Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон беш аз 200 касро куштаанд, вале тазоҳурот идома дорад. ВИДЕО


Эътирозҳо дар Эрон
Эътирозҳо дар Эрон

Созмони Ҳуқуқи Башари Эрон, қароргоҳаш дар Осло, рӯзи 12-уми октябр гуфт, ки дар ҷараёни саркӯби тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар ин кишвар то кунун 201 нафар, аз ҷумла 23 кӯдак, кушта шудаанд.

Тазоҳурот дар Эрон бештар аз се ҳафта аст, ки бо шиори “Зан, Зиндагӣ ва Озодӣ” идома дорад. Эътирозҳо баъди он оғоз ёфт, ки пулиси ахлоқ як духтари эрониро барои нодуруст пӯшидани ҳиҷоб дастгир кард ва сипас ҷасадашро ба хешовандонаш супурд.

Садои тирандозӣ, инфиҷор ва фарёди эътирозгарон. Тасвирҳои шоми душанбе, 10-уми октябр, аз Санандаҷ, маркази вилояти Курдистони Эрон, ба саҳнаи ҷанг шабоҳат дорад.

Бештар аз 25 рӯз аст, ки тоҷирони шаҳрҳои гуногуни Эрон дӯконҳояшонро боз намекунанд. Рӯзи душанбе ҳам мисли рӯзҳои қаблӣ аксар донишомӯзони Саққез, Санандаҷ ва Мағобод эътироз карданд.

“Зан, Зиндагӣ ва Озодӣ” баъди марги Маҳсо Аминӣ дар боздоштгоҳи пулиси ахлоқи Ҷумҳурии Исломӣ ба шиори эътирозгарон табдил ёфт. Дар наворе аз Саққез, шаҳри Маҳсо Аминӣ, духтарон рӯсариҳояшонро месӯзонанд. Ҳукумат ба ин эътирозҳо бо тиру туфанг посух медиҳад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Беш аз 200 кушта дар эътирозҳои ахири Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Шомгоҳи душанбе созмони Афви Байнулмилал бо интишори наворе аз саркӯби густурдаи тазоҳургарон дар Санандаҷ ҳушдор дод. Созмон гуфт, мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ барои пинҳон кардани ҷиноятҳои худ ба қатъи дастрасӣ ба Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ идома медиҳанд.

“Нетблокс”, як ниҳоди мустақил, ки барои баррасии вазъи интернет дар ҷаҳон аст, рӯзи чоршанбе аз қатъи васеи Интернет дар Эрон хабар дод.

Ҳамзамон ниҳодҳои мустақили ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар бораи сафарбарии нерӯҳои бештари ҳукуматӣ ба Санандаҷ ҳушдор доданд. Видеоҳое аз поён омадани нерӯҳои амниятӣ дар Санандаҷ нашр шуд.

Дар ҳоле ки мақомоти сиёсӣ ва амниятии Эрон истифода аз силоҳ аз тарафи маъмурони амниятиро рад мекунанд, видеоҳои зиёде аз истифодаи туфанг тавассути нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ ба эътирозгарон нашр шудааст. Масалан, дар Теҳрон дар атрофи Донишгоҳи Шариф ва ё дар хиёбонҳои шаҳри Санандаҷ.

Пулиси ахлоқ дар Эрон
Пулиси ахлоқ дар Эрон

Гузориши ниҳодҳои мустақили ҳомии ҳуқуқи башар аз кушта шудани бисёре аз эътирозгарон аз тири туфанги маъмурони амниятӣ ҳикоят мекунанд.

Созмони Ҳуқуқи Башари Эрон гуфт, дар ҷараёни саркӯби тазоҳурот 201 нафар кушта шудаанд ва камаш 24 нафари онҳо кӯдак ҳастанд. Шомгоҳи душанбе Ҳангав, як созмони ҳомии ҳуқуқи мустақил аз кушта шудани як кӯдаки 7-сола аз тири туфанги нерӯҳои амниятӣ хабар дод.

Ба рағми саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарон хиёбонҳои Санандаҷ ва дигар шаҳрҳои дигари Эрон шоҳиди истодагарии эътирозгарон аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG