Дар ҳоле ки наздикони Ҳасан Ёдгоров, сокини шаҳри Турсунзода, барои шиканҷа шудани ӯ дар боздоштгоҳ аз ВКД 400 ҳазор сомонӣ хоста буданд, додгоҳ 5 ҳазор сомонӣ пардохти ҷуброни зарар таъин кардааст. Пайвандонаш мегӯянд, розӣ нестанд.
Қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар ин бора рӯзи 7-уми октябр содир шуд. Масъулони додгоҳ гуфтанд, ҳукм то ҳол ба иҷро надаромадааст ва бинобар ин шарҳе намедиҳанд.
Тоҷинисои Изатулло, ҳамсари Ҳасан Ёдгоров, рӯзи 12-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор одилона нест. "Панҷ ҳазор сомонӣ чӣ мешавад? Шиканҷаи ӯ ба хонавода таъсир расонд. Духтарам бемор шуд, хушдоманам касал шуд, шавҳарам маъюб шуд," – афзуд ӯ.
Хонаводаи Ҳасан Ёдгоров гуфтанд, вазъи саломати ӯ чандон хуб нест ва бинобар ин, беҳтар аст, феълан бо расонаҳо суҳбат накунад.
Ҳуқуқшиносони Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз ҳаққи Ҳасан Ёдгоров дар мурофиаҳои додгоҳӣ ҳимоя мекарданд. Дар ин созмон гуфтанд, намояндаи додситонӣ дар мурофиаҳо даъвои Ёдгоровро рад карда, додрас хоҳони рӯёндани 5 ҳазор сомонӣ аз ВКД шудааст.
Ҳасан Ёдгоров соли 2017 ба иттиҳоми куштор боздошт ва пас аз ҳашт моҳ, баъди ёфтани қотили асосӣ, раҳо шуд. Вай борҳо таъкид намудааст, ки зери шиканҷаи сахти маъмурони милиса маҷбур шуд, ҷиноятро ба гардан гирад. Хонаводааш мегӯянд, ӯ то ҳол “ба худ наомадааст”.
Видеоро дар инҷо бинед:
Қаблан худи ӯ гуфта буд, бо нерӯи барқ шиканҷа ва латукӯб шуда, саломатияшро аз даст додааст. Ба қавли наздиконаш, дар пойи рости Ҳасан Ёдгоров "кастеартроз", яъне дарди устухон, пайдо шуда, оҳани пойи чапаш низ беҷо шудааст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон соли гузашта се афсари милисаро барои шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров аз 10 то 13 сол ба зиндон маҳкум кард.
Дар наворе, ки телевизиони Тоҷикистон моҳи декабри соли 2017 пахш кард, Ёдгоров нақл кард, ки чӣ гуна бо истифода аз корд “ба тарафи чапу рост ва қафаси синаи Дмитрий Каримов зарба зада, ӯро кушт". Пас аз ҳашт моҳи боздошт қотили аслӣ пайдо шуд ва Ёдгоровро раҳо карданд.
Дар Тоҷикистон шиканҷаи гумонбарон ва ба даст овардани эътирофи маҷбурии муттаҳамон ба як масъалаи доғ табдил шудааст. Мақомот мегӯянд, дар пайи танқидҳои зиёд ҷазоро барои бадрафторӣ ва шиканҷа сахттар карданд.
Бино ба қонун, шахсе, ки даст ба шиканҷа мезанад, то 15 сол аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд. Баъзе аз ҳуқуқдонҳо мегӯянд, сахттар кардани ҷазо то як андоза маъмурони интизомиро, ба истилоҳ, ба худ меорад, аммо мушкилро пурра ҳал намекунад.
Гуфтугӯ