Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Бо барқ шиканҷа карданд, гуноҳро ба гардан гирифтам.” ВИДЕО


Ҷамшед Ҷумъазода дар толори Додгоҳи вилояти Суғд
Ҷамшед Ҷумъазода дар толори Додгоҳи вилояти Суғд

Додгоҳи вилояти Суғд як сокини ноҳияи Зафарободро бо гуноҳи қатли ҳамсояашон ба 23 сол зиндон маҳкум кард. Ҷамшед Ҷумазода мегӯяд, ӯ бегуноҳ аст ва дар ҷараёни тафтиш шиканҷа шудааст.

“Дар пайи азобу шиканҷа ва истифодаи ток (барқ) гуноҳро ба гардан гирифтам. Ҳар шаб пас аз соати 10 азобу шиканҷа медоданд. Ният доштам, аз инҷо баромада, ба телефони боварии Вазорати корҳои дохилӣ занг занам”, -- иддао кард ӯ.

Додрас Анвар Абдуғаффорӣ рӯзи 18-уми октябр гуфт, “одамкушӣ”, “сӯиқасд ба ҷиноят” ва “вайрон намудани дахлнопазирии манзил” аз тарафи Ҷамшед Ҷумъазода исбот шудаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Як муттаҳам ба куштор мегӯяд, бегуноҳ зиндонӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:57 0:00

“Далел надоранд, фақат гап”

Гунаҳкор будани Ҷамшед Ҷумъазодаро ягона шоҳиди зиндаи воқеа, модари ҷавони кушташуда ва ҷабрдидаи дувум Малоҳат Зиёева, рад мекунад.

“Се моҳ боз суд мекунанд, вале асосу факт нест. Далели шайъӣ надоранд, фақат гап асту бас. Мегӯянд, ин бача гуноҳро ба гардан гирифт. Кӣ охир ба гардани ӯ монд?!” – мепурсад ӯ.

Малоҳат Зиёева
Малоҳат Зиёева

Малоҳат Зиёева гуфт, агар қотил Ҷамшед Ҷумъазода мебуд, инро ба хубӣ тасдиқ карда метавонист, зеро дар як бинои баландошёна зиндагӣ мекунанд ва ҳамдигарро хуб мешиносанд.

Маъмурони милисаи ноҳияи Зафаробод ҷасади Беҳзод Давронбековро 11-уми ноябри соли гузашта аз дохили ҳоҷатхона ва модари оғушта ба хуни ӯ Малоҳат Зиёеваро аз даромадгоҳи хонаашон ёфтанд. Мақомот гуфтанд, яке бо зарби болға кушта ва дигаре латукӯб шудааст.

Ҳодиса чӣ гуна рӯй дод?

Додрас Анвар Абдуғаффорӣ гуфт, “ҳодиса ба талоши робитаи ҷинсӣ аз тарафи шахси кушташуда Беҳзод Давронбеков рабт дорад”.

“Давронбеков дар ҳолати мадҳушӣ бо нияти анҷоми ҳаракатҳои бадахлоқона шими Ҷумъазодаро кашиданӣ шудааст. Судшаванда Ҷумъазода аз ин амалҳои ғайричашмдошт ва номақбул, нисбат ба Давронбеков нафрат ва қасд пайдо намуда, нақшаи аз ҳаёт маҳрум кардани ӯро кашидааст”, -- афзуд додраси парванда.

Ҳарду ҷониби қазия ин фарзияро дуруст намешуморанд.

Меҳрӣ Холбоева, модари Ҷамшед Ҷумъазода, мегӯяд, ҳукм бар пояи иқроре бароварда шудааст, ки аз роҳи шиканҷа ба даст омадааст: “Дар Зафаробод ба гардан нагирифт. Баъд ӯро ба ток (барқ) шинондаанд. Бар замми ин, 5 рӯз гушнаву ташна нигоҳ доштаанд. Ҳар боре ба писарам хӯрок мебурдем, онҳо ба писарам надода худашон мехурдаанд. Ба дигарҳо низ хӯрок намедодаанд.”

Вакил: Тафтишоту додгоҳ ба инобат нагирифт

Мақомот ба иддаои пайвандони Ҷумъазода вокуниш накардаанд, вале ӯро моҳи декабри соли 2020 дар барномаи Вазорати корҳои дохилӣ нишон доданд, ки ҳодисаро нақл кардааст. Вакили мудофеъ Суҳроб Шоев мегӯяд, “дар он навор дар қисмати поёни чашми чапи Ҷумъазода осори шиканҷа ва ҷароҳати бардоштааш маълум аст. Вале тафтишоту додгоҳ инро ба инобат нагирифт”.

Меҳрӣ Холбоева
Меҳрӣ Холбоева

Ҷамшед Ҷумъазода то замони боздошт шудан ба соҳибкорӣ машғул будааст. Вай дар ноҳияи Зафаробод як коргоҳи истеҳсоли хиштро ба роҳ монда буд.

Созмонҳои ҳуқуқи башари байнулмилалӣ ва дохилӣ борҳо мақомоти интизомии Тоҷикистонро барои шиканҷаи гумонбарон ва ба даст овардани эътирофи маҷбурӣ танқид кардаанд. Як намунаи он боздошти Ҳасан Ёдгоров, сокини шаҳри Турсунзода аст, ки ба гуфтаи худаш зери шиканҷа иттиҳоми кушторро ба гардан гирифт, аммо пас аз 8 моҳ, баъд аз ёфтани қотили ҳақиқӣ, озод гардид.

Мақомот мегӯянд, дар пайи танқидҳои зиёд ҷазоро барои бадрафторӣ ва шиканҷа сахттар карда, аз ҷумла милисаҳоеро, ки дар шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров даст доштанд, ҷазо доданд.

Бино ба қонун, шахсе, ки даст ба шиканҷа мезанад, то 15 сол аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд. Баъзе аз ҳуқуқдонҳо мегӯянд, сахттар кардани ҷазо то як андоза маъмурони интизомиро, ба истилоҳ, ба худ меорад, аммо мушкилро пурра ҳал намекунад.

XS
SM
MD
LG