Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон узви Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон интихоб шуд


Қирғизистон дубора узви Шӯрои Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон барои солҳои 2023-2025 интихоб шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар доданд.

Аз миёни кишварҳои осиёӣ ба узвияти Шӯро шаш давлат: Қирғизистон, Афғонистон, Бангладеш, Ветнам, Малдив ва Куриё даъвогар буданд.

Аз номзадии Қирғизистон ба Шӯрои Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон 126 кишвари узви СММ ҷонибдорӣ кардаанд.

Пештар аз ин Қирғизистон дар солҳои 2009 то 2012 ва аз соли 2016 то 2018 узви Шӯрои мазкур буд.

Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон - ин ниҳоди байниҳукуматии СММ аст, ки 47 кишвар узви он ҳастанд ва Шӯрои мазкур масъули ҳифзи ҳуқуқи инсон дар саросари дунёст. Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон ҳамаи мавзуъҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон ва вазъи ҳуқуқи инсонро муҳокима мекунад.

Ҷаласаҳои Шӯро дар дафтари СММ дар шаҳри Женева баргузор мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG