Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Чоршанбиев: "Гуфт, шиканҷа нашудааст, вале бисёр лоғар буд"


Чоршанбе Чоршанбиев. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Чоршанбе Чоршанбиев. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Пайвандони Чоршанбе Чоршанбиев гуфтанд, ки варзишгари 27-сола аз зиндони низомаш сангини Хуҷанд ба Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе оварда шудааст, вале сабабашро намедонанд. Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон тасмимро шарҳ надод.

Сабза Танибекова, модари Чоршанбе Чоршанбиев, рӯзи 12-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар Картсер имкони вохӯрӣ ва бурдани хӯрок нест."

"Ду ҳафта пеш ба зиндони шаҳри Хуҷанд рафта, ӯро дида будам. Пурсидам, шиканҷа мекунанду азият медиҳанд? Гуфт, не, аммо бисёр лоғар шудааст," – нақл кард хонум Танибекова.

Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 31-уми декабри соли 2021 аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе боздошту ба 8,5 сол зиндон маҳкум шуд.

Ӯро ба гуноҳи "даъват ба сарнагунии ҳукумат" гунаҳкор карданд, вале худашу вакилони мудофеъ ҳукмро "беасос ва ғайриқонунӣ" донистанд.

Ин зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз соли 2016 ба муҳорибаҳои бидуни қоида ё ММА машғул буд ва дар Русия мезист.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG