Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Қазоқистон меравад


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба нишасте дар Қазоқистон меравад, ки онҷо мулоқоти раҳбарони Русияву Қирғизистон ҳам дар назар аст.

Дафтари матбуоти президент рӯзи 11-уми октябр гуфт, сафари Эмомалӣ Раҳмон аз 12 то 14-уми октябр идома хоҳад кард.

Нишасти сарони кишварҳои узви “Машварати ҳамкорӣ ва чораҳои боварӣ дар Осиё” рӯзи 12-уми октябр дар Остона баргузор мешавад. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, дар нишаст раҳбарони Русияву Озарбойҷон, Ироқу Эрон, Фаластин, Туркия ва Узбекистонқ Қирғизистон ҳам меоянд.

Мақомоти Русия хабар додаанд, ки дар ҳошияи нишаст мулоқоти раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо раҳбарони чанд кишвар, аз ҷумла Содир Ҷабборов (Жапаров), раиси ҷумҳури Қирғизистон, дар назар аст. Дар бораи мулоқоти президенти Тоҷикистон бо Путин хабаре нест.

Дар Остона ҳамчунин нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нишасти “Осиёи Марказӣ – Русия” баргузор хоҳад шуд.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё созмони минтақаист, ки ба таҳкими ҳамкориҳо, таъмини сулҳ, амният ва субот дар Осиё нигаронида шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG