Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин фармон дод, "Сахалин-1" ба дар ихтиёри ҳукумат гузошта шавад


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия фармон додааст, ки мудирияти яке аз тарҳҳои азими истихроҷи газу нафт дар Шарқи дурро ба ихтиёри ҳукумат супоранд, ки ин фармон ширкатҳои бузурги хориҷӣ аз Амрикову Ҷопон ва Ҳиндро аз миллиардҳо доллар сармояи гузоштаашон маҳрум мекунад.

Бар асоси ин фармони Путин аз рӯзи 7-уми октябр, ҳукумат тасмим мегирад, ки саҳми ширкатҳои хориҷӣ дар корхонаи муштараки Сахалин-1 нигаҳ дошта шавад, ё не. Сӣ дар сади саҳмияҳои Сахалин-1 дар дасти ширкати Эксон Мобайли Амрико, 50 дар сади саҳмияҳо дар дасти ширкати Содекои Ҷопон ва қисмате дигар дар ихтиёри ширкати ҳиндии Видеш аст.

Русия баъди оғози ҷанг дар Украина таҳти таҳримоти сахти иқтисодии кишварҳои ғарбӣ қарор гирифт ва моҳҳои гузашта, моликияти ширкатҳои Ғарбиро дар қаламраваш гирифта ба ихтиёри ширкатҳои дохилӣ ва ё ҳукумат дод. Соҳибони корхонаи муштараки “Сахалин-1” ҳаққи истихроҷи бештар аз 307 миллион тонна нафт ва 485 миллиард метри мукааб гази табиӣ дар қаламрави Русияро дар даст доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG