Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати Қирғизистон ба нишасти минтақаӣ дар Душанбе "наомадааст"


Ҳайати Қирғизистон барои иштирок дар нишасти роҳбарони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодаи Осиёи Марказӣ ба Душанбе "наомадааст".

Умеда Юсуфӣ, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 6-уми октябр гуфт, ки "сабабаш маълум нест".

Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон баъди муноқишаи моҳи сентябри имсол, ки аз ду тараф даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт, ба сардӣ гароид.

Нишасти намояндагони идораи ҳолатҳои фавқулодаи минтақа рӯзи панҷшанбе дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд. Намояндагони созмонҳои байнулмилалии идодрасон ҳам буданд.

Иштирокдорон масоили "таҳкими устувории минтақа ба офатҳои табииро" баррасӣ карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG