Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ташкили гуруҳҳои мусаллаҳи ихтиёрӣ дар марзи Қирғизистон


Ин хона дар муноқишаи марзии моҳи сентябр вайрон шудааст. Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ин хона дар муноқишаи марзии моҳи сентябр вайрон шудааст. Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Пас аз муноқишаи моҳи сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз ду тараф даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт, порлумони Қирғизистон тарҳи қонунеро баррасӣ кард, ки тибқи он дар минтақаҳои наздисарҳадӣ гурӯҳҳои муссалаҳи ихтиёрӣ таъсис дода мешавад.

Онҳо дар ҳолатҳои сар задани низоъ ба марзбонон кумак хоҳанд кард.

Дар сурати қабул шудани тағйирот ба қонун шаҳрвандони Қирғизистон метавонанд, ба гурӯҳҳои ихтиёриён дар минтақаҳои наздимарзӣ шомил шаванд ва силоҳ ба даст бигиранд.

Ба гуфтаи муаллифони тарҳ, дар сурати ҳамла ба ин кишвар ихтиёриён ҳам дар баробари марзбонон аз қаламрави худ ҳимоя хоҳанд кард.

Мухолифони тарҳ мегӯянд, ин кор метавонад сабаби хушунату хунрезии зиёд дар марз шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG