Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи 1-уми октябр гуфт, ки дар задухӯрд миёни нерӯҳои амниятии Эрон ва "ҷудоиталабони мусаллаҳ" дар ҷанубу шарқи ин кишвар камаш 20 нафар кушта шудаанд. Ҳодиса рӯзи 30-юми сентябр дар Зоҳидон рӯй дод.
Дар баёнияи созмон гуфта мешавад, дар миёни кушташудагон чаҳор узви Сипоҳи посдорон, аз ҷумла як афсари аршад, низ ҳаст. Сипоҳ гуфт, Ҳомид Ризо Ҳошимӣ, афсари иктишофии Эрон, "бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар даргириҳо бо террористон ҷон дод."
Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, дар ин даргириҳо дастикам 32 узви Сипоҳи посдорон захмӣ шудаанд.
Расонаҳои давлатии Эрон иддао карданд, ки ҳамлагарон дар миёни намозгузорон дар назди масҷиди Зоҳидон пинҳон шуда буданд.
Расонаҳо "гурӯҳи ҷудоиталаб"-еро, ки гуё дар ин ҳамла даст дорад, мушаххас накардаанд. Ин минтақа бо Афғонистон ва Покистон ҳаммарз аст.
Гуфтугӯ