Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Даъватнома ба гӯр". Русия дар ҷанг бо Украина ба кумаки муҳоҷирон "зор" шудааст?


Сафарбарии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиши Русия рӯзи 21-уми сентябр сар шуд
Сафарбарии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиши Русия рӯзи 21-уми сентябр сар шуд

Русия ба хориҷиён пешниҳод дорад, ки дар сурати хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба осонӣ шаҳрвандӣ ба даст меоранд. Ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ ҳушдор додаанд, ки дар сурати ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ паси панҷара хоҳанд рафт.

Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба иҷрои корҳои "сиёҳ" дар Маскав одат кардаанд. Ҳар сол садҳо ҳазор нафар аз кишварҳои минтақа ба Маскав, пойтахти Русия ва шаҳрҳои дигари он мераванду ба ҳайси роҳрӯб, фаррош, коргари сохтмон дар ҷабҳаи аввал кор мекунанд. Корҳое, ки худи русҳо аксаран ба онҳо даст намезананд.

Аз ҷабҳаи аввали кор ба ҷабҳаи аввали ҷанг?

Ҳоло, мумкин аст, муҳоҷиронро ба ҷабҳаи аввали ҷанг дар Украина ҳам даъват кунанд, чун Думаи давлатӣ, палатаи поёнии порлумони Русия, қонунеро қабул кард, ки имкон медиҳад, хориҷиён дар сурати як соли хидмат “дар сафи артиши Федератсияи Русия, дигар нерӯҳо ва воҳидҳои низомӣ” бо расмиёти содда ва осон шаҳрвандӣ бигиранд.

Тағйирро дар қонун рӯзи 21-уми сентябр ва баъди он эълон карданд, ки раиси ҷумҳур Владимир Путин, дар бораи ҷалби нерӯҳои иловагӣ ба артиш фармон дод, то дар ҷанги Украина кумак кунанд. Дар ҷанге, ки нерӯҳои Украина бо ҳамлаҳои ҷавобӣ сарбозони Русияро ғофилгир ва ба ақибнишинӣ маҷбур карданд.

Эълони сафарбарӣ ба артиш ва фармони номафҳуми президент дар ин бора, дар байни мардум воҳима барангехт ва сабаби тарки кишвар кардани ҷавонону мардони зиёде шуд. Талабот ба билети ҳавопаймоҳо ба ҳадде боло рафт, ки аз оғози ҷанг аслан дида нашуда буд.

Эълон сабаби тазоҳурот дар байни мардум шуд ва мақомоти интизомӣ то кунун ҳазорон норозиро, ки дар Маскаву Санкт Петербург ва 30 шаҳри дигар ба хиёбонҳо рехтанд, дастгир карданд. Бисёре аз тазоҳургарон мухолифи сафарбарӣ ба артиш ва “Русия бидуни Путин” шиор медоданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон сафарбариро ба артиш бо истеҳзо “даъватнома ба гӯр” номидаанд.

Зоҳиран ҳамин тамоюлу тарси русҳо аз ҷалб ба сафи артиш, андешаи ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия овардани муҳоҷиронро ба сари мақомот овардааст.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, пас аз моҳи март аввалин бор омори тозаи талафоти сарбозони кишварашро эълон кард ва гуфт, дар ин ҷанг то кунун 5937 нафар кушта шудаанд. Бар асоси тахмини ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ, мумкин аст, талафот зиёдтар ва байни 15 000 то 30 000 нафар бошад.

Чаро рӯ ба муҳоҷирон оварданд?

Азбаски хоҳишмандони сафарбарӣ ба артиш дар шаҳрҳое ба мисли Маскав бисёр кам ва мухолифат ба он зиёд аст, аз ин рӯ ба гуфтаи Ян Матушевич, пажуҳишгари масоили муҳоҷират, талафот асосан аз ҳисоби ҳамон сарбозонест, ки “аз минтақаҳои дуру камбизоати кишвар ва манотиқи ғайрируснишин ва ақаллиятнишин ҳастанд.”

Ян Матушевич ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯ ба муҳоҷирон овардани Русия зоҳиран бахше аз ин тамоюл аст, ки имкон медиҳад, “бе даъвати русҳои сарватманд аз шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, аз ҳисоби муҳоҷирон сафи сарбозонро зиёд кунанд.”

Сергей Собянин, раиси шаҳри Маскав, бе ягон таъхир эълон кард, ки шароит барои даъватро дар пойтахт фароҳам мекунад. Сергей Собянин рӯзи 20-уми сентябр дар як баёнияи расмӣ дар вебсайти худаш гуфтааст: “Барои кумак ба Вазорати дифои Русия ба зудӣ тамоми имконоти лозимро барои ҷалби хориҷиён ба артиш фароҳам мекунад.” Шароит ҳам дар Маркази Сахарово фароҳам мешавад, ки ҷойи сабти ному санадгузории муҳоҷирони корӣ аст.

Владимир Путин ва Шойгу гуфтаанд, ки асосан онҳое ба сафи артиш ҷалб мешаванд, ки таҷрибаи ҷангӣ доранд, хидмат кардаанд ва дар ҳисоби нерӯҳои эҳтиётӣ ҳастанд. Вале ин баёнияҳо ин нигарониҳоро фурӯ нанишонд, ки мумкин аст, ҷавонони бетаҷриба ва хидматнокардаро ҳам ба ҷабҳа бифристанд.

Ҳукумати Русия батакрор гуфтааст, ки сарбозони навхидматро ба ҷанг намефиристанд, вале чанд мавриди ин кори мақомот бо далел ва дар ҷанг собит шудааст.

Азамат Абдулғозиев, яке аз раҳбарони иттиҳодияҳои қирғизистониҳо дар Русия, ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди эълони сафарбарӣ, ҳамватанонаш “бахусус ҷавонон ба ваҳшат афтодаанд” ва бо хариди билетҳои гарон Русияро тарк карда, озими ватанашон шудаанд. Онҳое ҳам гурехтаанд, ки ба гуфтаи ӯ шаҳрвандии Русияро доранд.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, ки солҳо дар Русия кор кардааст, дар як муроҷиати видеоӣ дар Фейсбук рӯзи 25-уми сентябр гуфт: “Аз ҳоло дар Маркази Сахарово маълумотнома ба забони русӣ ва тоҷикӣ паҳн кардаанд, ки дар он 190 000 рубл ва ё зиёдтар мепардозанд, имтиёзҳои иҷтимоӣ, тиббӣ ва иқомат медиҳанд. Вале бовар кунед, ҳамаи инҳо ба қимати ҷони шумо намеарзад.”

Хатари зиндон дар ватан

Аксар муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия аз Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон ҳастанд. Аз дигар кишварҳои муштаракулманофеъ ба Русия барои кор камтар мераванд ва иқтисоди онҳо зиёд пойбанди пули муҳоҷирони корӣ нест.

Ҳар се кишвар, шарикони вафодори Русия ҳастанд, вале бо назардошти таҳримоти байналмилалӣ ба зидди Русия ва Беларус, ба шаҳрвандонашон ҳушдор додаанд, ки ба ҷанги Украина нараванд, вагарна ҷазо мегиранд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 22-юми сентябр бо нашри баёния гуфт, ҳар касе, ки дар ҷангҳои хориҷӣ ширкат мекунад, “ба ҷавобгарии ҷиноӣ” кашида мешавад.

Додситонии кулли Узбекистон рӯзи 22-юми сентябр гуфт, онҳое, ки дар ҷангҳои хориҷӣ ширкат мекунанд, аз 5 то 10 сол ба зиндон маҳкум хоҳанд шуд.

Бино ба омори расмии Русия, нисфе аз онҳое, ки дар семоҳаи сеюми имсол ба кишвар омадаанд ва ё 1.54 миллион нафар аз Узбекистон будаанд, ки сераҳолитарин кишвари Осиёи Марказист.

Сафорати Қирғизистон дар Маскав ҳам гуфтааст, онҳое, ки дар ҷангҳои хориҷӣ ширкат мекунанд, то ба “10 сол зиндон” маҳкум мешаванд ва аз шаҳрвандон хостааст, ки аз ҳаргуна талош барои ҷалби онҳо ба сафорат хабар диҳанд.

Маълум нест, то кунун чӣ қадар аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба ҳайси зархарид дар ҷанги Украина ширкат кардаанд. То кунун чандин гузориш дар бораи ҳузури тоҷикону узбекҳо ва шаҳрвандони Қирғизистон дар ҷанги Украина гузоришҳо расидаанд.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар муроҷиаташ ба шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯяд, ба ваъдаи мақомоти Русия дода нашаванд ва андешаи зану фарзанду волидони худро кунанд, зеро ба гуфтаи ӯ, дар Украина “ҷанг аст, на бозии футбол”.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG