Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия хост, ба ҷанг нараванд


Русия мизбони ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик аст.
Русия мизбони ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик аст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирон хостааст аз ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ худдорӣ кунанд. Ин даъват пас аз он садо дод, ки мақомоти Русия ба муҳоҷирон ваъда доданд, ки дар ивази хидмат дар артиши Русия метавонанд ба таври осон шаҳрвандии он кишварро соҳиб шаванд. Хабари даъвати муҳоҷирон ба артиши Русия ва эҳтимоли ба ҷанги Украина фиристодани онҳо, дар миёни муҳоҷирони тоҷик нигарониҳоро ба миён овардааст.

“Агар хоҳед метавонед бо ивази пул шартнома бандед

Бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия
Бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия

Сафорати Тоҷикистон рӯзи 22 сентябр дар як хабарнома гуфт, «иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ» мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад.

Изҳороти Сафорат ду рӯз пас аз он садо дод, ки Сергей Собянин аз таъсиси сохтори нав дар назди маркази муҳоҷирати "Сахарово" хабар дод. Ба иттилои шаҳрдори Маскав, ин сохтор раванди бастани шартнома бо неруҳои мусаллаҳи Русияро барои шаҳрвандони хориҷӣ осон мегардонад. Бархе муҳоҷирон мегӯянд, аллакай барои хидмат дар артиши Русия даъват шудаанд.

Наҷибулло, як муҳоҷири тоҷик аз Новосибирски Русия мегӯяд, аз комиссариати маҳалли зисташон ба ӯ занг зада пурсидаанд, ки оё хоҳиши хизмат дар артиши Русияро дорад?

“Ман шаҳрванди Русия ҳастам. Чанд маротибае, ки занг заданд, гуфтанд, ки агар хоҳед метавонед бо ивази пул шартнома бандед. Ба онҳо гуфтам, ки падари серфарзанд ҳастам, дигар занг назанед,”-афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ кардааст. Солҳои пеш чандин нафар бо иттиҳоми ширкат дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ба зиндон маҳкум шуданд.

Ба ҷуз аз Тоҷикистон, мақомоти Узбекистон ҳам ба шаҳрвандонашон ҳушдор додаанд, ки ба ҳеч сурат барои ширкат дар ҷанги Русия алайҳи Украина розӣ нашаванд, вагарна муҷозот хоҳанд шуд.

“Метарсам, ки ба ҷанг мефиристам”

Коршиносон мегӯянд, артиши Русия дар пасманзари ҷанг бо Украина, ки Маскав онро “амалиёти махсуси низомӣ” ном мебарад, ба сарбозон ниёз дорад. Даъватҳо ба артиши Русия ва сафарбар шудан ба Украина, нигаронии муҳоҷирони тоҷикро ба миён овардааст.

Гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик
Гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик

Саидраҳмон Акаеви 22-сола, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, синну солаш барои ворид шудан ба артиши Русия мувофиқ аст, вале сарбоз шудан намехоҳад.

“Худам аз Тоҷикистон омадам, ки ба сарбозӣ набаранд. Гуфтанд, ки шаҳрвандии Русияро медиҳанд, ҳар муҳоҷире орзу мекунад, ки шаҳрвандӣ гирад, вале намехоҳам сарбоз шавам,”-мегӯяд Саидраҳмон.

Бархе муҳоҷирон мисли Анвар Кунушов аз он метарсанд, ки рад кардани даъватҳо барои хизмат дар артиши Русия метавонад барои онҳо мушкилиҳои навро эҷод кунад.

Ин сокини ноҳияи Вахш чанд маротиба аз масъулини ҷойи кораш даъвати пайвастан ба артиши Русияро гирифта, ҳоло намедонад чӣ кор кунад. “Метарсам, агар маҷбур кунанд шояд сарбоз шавам. Хуб аст, ки ман шаҳрвандӣ мегирам ва маълумотӣ ҳарбӣ, вале тарсам аз он аст, ки мабодо ба ҷанг нафиристанд.”

“Модом, ки шаҳрвандӣ гирифтем, бояд хизмат кунем”

Садҳо муҳоҷири тоҷик дар солҳои ахир талош карданд шаҳрвандии Русияро соҳиб шаванд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, гирифтани шаҳрвандӣ дар Русия онҳоро аз ҷабри пулис ва супоридани пули патент озод мекунад. Ба ин хотир бархе муҳоҷирони тоҷик тарафдори хизмат дар артиши Русия ҳастанд.

Худойдод Муборакшоев, марди бознишаста, ки ҳамроҳи хонаводааш дар Русия аст мегӯяд, вақте фарзандонаш шаҳрвандии Русияро мегиранд, “бояд ба сарбозӣ раванд. Оқибаташ ҳар чизе бошад, бояд фарзандони мо барои сарбоз шудан омода бошанд. Артиши Русия хуб аст.”

Агар то оғози ҳамлаи Русия ба Украина ҳазорон шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар орзуи шаҳрвандии Русия буданд, баъди 24 феврал ин ҳолат тағйир ёфт. Хатари бастани шартнома ва ирсол ба Украина муҳоҷирони меҳнатиро эҳтиёткор кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG