Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои Равшанбек Собиров: "Шарҳҳои манфӣ" ё "ҷанҷоли марзӣ"?


Равшанбек Собиров (аз тарафи чап)
Равшанбек Собиров (аз тарафи чап)

Равшанбек Собиров, вакили пешин ва раиси ҷомеаи тоҷикони Қирғизистон, дар бораи истеъфояш аз мансаби раиси Оҷонси миллии сармоягузории он кишвар изҳори назар кард.

Сомонаи президенти Қирғизистон рӯзи 26-уми сентябр навишт, ки ӯ “бо хоҳиши худ” аз мақом рафт. Худаш ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди як силсила “шарҳҳои манфӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ тасмим гирифт, мақомашро тарк кунад.

“Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти манфии зиёд паҳн мешавад. Намехоҳам, бо айби ман ба кори роҳбарияти кишвар соя афтад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ихтиёрӣ аз вазифаи раиси Оҷонси миллии сармоягузорӣ истеъфо диҳам,” – гуфт Равшанбек Собиров. Вале тафсилот надод, ки дар бораи чӣ гуна шарҳҳои манфӣ гап мезанад.

Тасмими сиёсатмадор дар пасманзари муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон эълон шуд, вале худаш гуфтааст, истеъфои ӯ ба даргирии мусаллаҳона дар марз рабт надорад. “Ман то ҳадди мумкин кор кардам. Ҳоло мехоҳам, саломатиамро беҳбуд бахшам,” – илова кардааст ӯ.

Равшанбек Собирови 52-сола, раиси созмони тоҷикони Қирғизистон, дар оилаи тоҷик дар ноҳияи Қаросуи вилояти Уш ба дунё омадааст.

Дар соли 2011 аввалин вазири тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон буд, аммо дар соли 2013 боздошт ва бо гуноҳи ришваситонӣ ба зиндон маҳкум шуд. Собиров, ки ҳамеша парвандаашро сохтакорӣ ва дорои ангезаҳои сиёсӣ донистааст, моҳи марти соли 2014 бар асоси қонуни афв раҳо гардид.

Аз 11-уми марти соли 2022 дар мансаби раиси Оҷонси миллии сармоягузории Қирғизистон кор мекард. Пештар аз ҷониби ҳизби "Ота Ҷурт" вакили порлумон интихоб шуда, пас аз ҳаводиси моҳи октябри соли 2020 ва то замони таъини ҳукумати нав дар Қирғизистон дар соли 2021 дар вазифаи муовини нахуствазир кор кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG