Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Кувайт маҳсулоти ҳалол мефиристад


Гӯҳаи маҳсулоти ҳалоли як супермаркети фаронсавӣ дар остонаи моҳи Рамазон.

Тоҷикистон интиқоли маҳсулоти ҳалол ба Кувайтро афзоиш медиҳад. Дар ин бора мақомоти ду кишвар дар доираи ҷаласаи севуми комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт як санади ҳамкорӣ имзо кардаанд.

Ин ҳамоиш рӯзҳои 19-22 сентябр баргузор шуд ва дар он ду кишвар ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафтаи Кувайтро барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди зербиноҳои нақлиётӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва содироти меваи тозаву хушк ва оби ошомиданиро муҳим донистанд.

Мақомоти ду кишвар махсусан ба он таъкид карданд, ки бояд содироти ҳарчи бештари маҳсулоти дорои бренди «Ҳалол» аз Тоҷикистон ба Қувай ба роҳ монда шавад.

XS
SM
MD
LG