Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тазоҳуроти зидди ҷанг беш аз 1300 касро дастгир кардаанд


Тазоҳурот дар Русия
Тазоҳурот дар Русия

Дар ҷараёни тазоҳуроти зидди ҷанг дар шаҳрҳои Русия беш аз 1300 нафар дастгир шудаанд.

Рӯзи 21-уми сентябр Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, фармонро дар бораи басичсозии низомӣ имзо кард.

Ӯ гуфт, басичсозӣ барои "ҳифзи кишвар ва тамомияти он" ва инчунин зарурати амалиёти низомӣ бо Украина муҳим аст.

Пас аз судури фармон, рӯзи 21-уми сентябр дар 38 шаҳру минтақаи Русия тазоҳурот баргузор шудааст.

Аксари ин афрод дар Маскав, пойтахти Русия ва чанд шаҳри бузурги дигар, аз ҷумла Санкт-Петербург дастгир шудаанд.

Дар тазоҳурот занон низ иштирок доштанд ва шиор медоданд, ки "Мо ҷанг намехоҳем", "Мо барои фарзандон зиндагӣ мехоҳем."

Мақомоти Русия ба мардум ҳушдор додаанд, ки дар ингуна тазоҳурот иштирок накунанд, вагарна то 15 сол ҳабс хоҳанд шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG