Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Олмон манзили Алишер Усмоновро бозҷӯӣ кард


Алишер Усмонов
Алишер Усмонов

Пулиси Олмон рӯзи чаҳоршанбе чанд амволи ғайриманқул, аз ҷумла хонаи боҳашамат дар назди кӯли Тегернз дар Баварияро бозҷӯӣ кард, ки эҳтимолан ба сарватманди русиягӣ Алишер Усмонов тааллуқ доранд.

Усмоновро пулиси Олмон дар вайрон кардани меъёрҳои таҳрим гумонбар мекунад.

Бозҷӯӣ дар 24 иншоот баргузор ва дар он 250 кас иштирок кардааст, хабар доданд аз додситонии Олмон. Ба бовари тафтишот, Усмонов бо пардохти ҳаққи музди муҳофизон муқаррароти таҳримҳоро вайрон кардааст.

Усмонови 69-сола - яке аз сарватмандтарин шаҳрвандони Русия аст. Маҷаллаи Forbes дороии ӯро 11,5 млрд доллар баҳо медиҳад. Моҳи феврали соли ҷорӣ, баъди шуруъи ҳамлаи Русия ба Украина, Усмонов ҳамчун одами наздики президенти Русия, Владимир Путин, шомили рӯйхати таҳримҳои кишварҳои Ғарб шуд.

XS
SM
MD
LG